Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

1 Сентября 2020

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки бастаҳои интернетиро бо ёрии замимаи “МегаФон Life”, чат-бот ё “Ҳуҷраи шахсӣ” пайваст мекунанд, аз оператор трафики бонусиро дар ҳаҷми аз 100 то 10 000 Мб вобаста ба бастаи интихобнамуда ба сифати туҳфа қабул мекунанд. Иқдом то 30 сентябри соли 2020 ҷараён хоҳад дошт.

31 Августа 2020

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ модернизатсияи шабакаро дар ВМКБ ба анҷом расонид. Дар рафти корҳои техникӣ шабакаи 4G дар шаҳри Хоруғ тақвият бахшида шуда, акнун сокинони маркази вилоят имкон доранд, ки интернети мобилиро бо суръатҳои нисбатан баланд истифода намоянд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияҳои ВМКБ нишондиҳандаҳои сифати фаъолияти шабакаи қаблии 3G такмил дода шудаанд.

28 Августа 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯшҳои худро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Ин бор дар Бохтар аввалин толоре ифтитоҳ ёфт, ки бо сабки нави экологӣ – бо дизайни зебо ва замонавӣ оро дода шудааст. Ин ба Оператор на танҳо имкон медиҳад, ки ба якчанд ҳазор нафар мизоҷон зиёдтар хизмат расонад, балки инчунин табъи онҳоро бо фазои гуворо хуш намояд.

27 Августа 2020

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи шабакаи 4G-ро дар ВМКБ идома медиҳад. Интернети босуръати мобилии насли чорум ба сокинони маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз – деҳаи Қалъаи Хумб дастрас гардид.

25 Августа 2020

Рӯзҳои истироҳати гузашта меҳмонони маҷмааи дилхушии обии “Кӯли Душанбе” на танҳо имконияти истироҳат ва дилхушӣ карданро доштанд, балки инчунин аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ туҳфаҳоро ба даст оварданд. Дар рафти иқдоми “Мавҷи сабз” МегаФон Тоҷикистон ба ғолибони озмунҳо даҳҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сертификатҳоро барои бастаҳои трафики интернет тақдим намуд.

9 Июня 2020

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд шабакаи дараҷаи 4G ширкати МегаФон Тоҷикистон  ба кор даромад. Беш аз 50 000 сокинони маҳаллӣ ба интернет бо суръати наздики 50 Мбит/с дастрасӣ пайдо намуданд.    

8 Июня 2020

МегаФон Тоҷикистон ба сокинони кишвар пешниҳод намуд, ки ба варзиш ба тариқи онлайн машғул шаванд. Машғулиятҳои ҳавасмандкунандаи видеоӣ, ки аз ҷониби оператор дар ҳамкорӣ бо фитнес-блогер ва устоди йога Азиза Эгамова омода карда шудаанд, ба ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз омодагии ҷисмониашон кӯмак мекунанд, ки нерӯи ҷисмонии худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд.  

14 Апреля 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд. Он дар маҳаллаи 20-ум рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷойгир мебошад. Ин аллакай нуқтаи дуюми фурӯшҳои оператор маҳсуб меёбад, ки дар маркази вилоят аз оғози соли ҷорӣ пайдо шуд, - толори якум дар к.Шарқ ҷойгир мебошад.

2 Апреля 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” миқдори хизматрасониҳои инноватсионии рақамии барои муошират, кору фаъолият ва дилхушии муштариён нигаронидашударо пайваста зиёд менамояд. Яке аз чунин хизматрасониҳои нави ҷолиби оператор портали “Mega Games” ба шумор меравад, он ба муштариён имкон медиҳад, ки ба тариқи онлайн дар дастгоҳҳои рӯимизии худ машғули бозиҳои маъруф шаванд. Арзиши обуна – 1,20 сомонӣ дар як шабонарӯз.  

30 Марта 2020

Муштариёни аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ хизматрасонии нав пайдо намуданд – портали “Mega Music” барои дастрасӣ ба миллионҳо суруду оҳанги сарояндагони тоҷик ва хориҷӣ. Ҳафт рӯзи аввали истифода аз хизматрасонӣ ройгон аст. Пардохти абонентӣ 1 сомониро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” трафики интернет барои истифодаи портал нархгузорӣ карда намешавад.  

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?