Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Интернети бемаҳдуд
  • Бастаҳои интернетӣ
  • Интернет хизматрасониҳо
  • Интернети 4G
  • Интернети 5G
  • Green Wi-Fi

Интернети 4G

LТЕ (4G) чист?

Стандарти LTE (Long-Term Evolution), ё стандарти алоқаи насли чорум самти рушди перспективии шабакаҳо ба ҳисоб меравад. Ба туфайли ин технология, дастрасӣ ба интернет боз ҳам босуръат ва бароҳаттар мегардад. Афзалияти асосӣ барои муштариён ин суръати баланди таҳвили маълумотҳо мебошад.

Дар куҷо ва чӣ тавр метавон ба шабакаи 4G LTE пайваст шуд?

Барои ин бояд ба наздиктарин идораи расмии хизматрасонии муштариёни МегаФон-Тоҷикистон муроҷиат намуда маслиҳати босифати мутахассисро дарёфт кард. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳамагӣ 84 идораи хизматрасонӣ мебошад. Агар шумо дар даст дастгоҳи мобилии дорои хизматрасонии LTE (4G) ва USIM дошта бошед, ба Шумо лозим меояд, ки дар дастгоҳи мобилии худ USSD-фармони махсуси *0453#-ро рақам чинед.

Чӣ тавр тафтиш кард, ки дар шабакаи 4G дастгоҳи мобилӣ ва СИМ – корти ман кор мекунад?

Барои ин дар дастгоҳи мобилии худ ба шумо лозим меояд, ки USSD-фармони махсуси *0454#-ро рақам чинед.

Минтақаи фарогирии шабакаи 4G чӣ гуна аст?

Айни замон шабакаи LTE (4G) шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппаро фаро мегирад.

Шабакаи 4G шаҳри манро кай фаро мегирад?

Дар навбати аввал ба минтақаи фарогирии 4G шаҳрҳои бузург ва марказҳои минтақавӣ дохил мешаванд. Шабакаи 4G, пеш аз ҳама, дар ноҳияҳои серодами шаҳр, хусусан дар марказ, фароҳам карда мешавад. Агар дар шаҳри шумо аллакай шабакаи 3G вуҷуд дошта бошад, метавонед пайдоиши шабакаи 4G-ро ояндаи наздик интизор шавед.

Гузариш аз як шабака ба шабакаи дигар чӣ гуна анҷом дода мешавад?

Вақте ки шумо ба шабака пайваст мешавед, худи дастгоҳ шабакаи беҳтаринро аз нуқтаи назари сифати сигнал интихоб мекунад. Барои таъмини суръати баландарини пайвастшавӣ шабакаи дорои мавҷи устувор мувофиқ аст. Реҷаро дастӣ аз нав пайваст кардан ва амалҳои дигаргунро иҷро кардан лозим нест. Дастгоҳ шабакаро ба таври автоматикӣ бидуни кандашавии васлшавӣ иваз мекунад.

Суръати таҳвили маълумотҳо дар шабакаи 4G “МегаФона” чӣ гуна мебошад?

Суръати миёнаи боргирӣ дар шабакаи LTE (4G) 20 Мбит/с ташкил медиҳад. Дар ҳоли имрӯз, суръати шиддатноки боргирӣ метавонад то 70Мбит/с расад. Суръати боргирӣ аз хусусиятҳои дастгоҳ, сифати релефи маҳал, маводи девори бино, шароитҳои обу ҳаво ва сарбории шабака вобаста мебошад.

Дастгоҳҳои дорои 4G-ро дар куҷо метавон харид?

4G USB модемҳо аз МегаФон-Тоҷикистонро дар идораҳои хизматрасонии муштариён дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа метавон харид. Ҳамчунин, ҳамаи тамғаҳои навтарини дастгоҳҳои мобилии гурӯҳи аъло асосан аз ҷониби истеҳсолкунандагони ҷаҳонӣ аллакай бо дороии LTE (4G) бароварда мешаванд.

СИМ-корти муқаррариро ба СИМ-корти 4G метавон иваз кард ва дар куҷо?

Бале, метавон. Барои ин ба дилхоҳ идораи хизматрасонии наздиктарини МегаФон-Тоҷикистон муроҷиат намудан зарур аст.

Ивази СИМ-корти 4G чӣ қадар арзиш дорад?

Арзиши ивази СИМ-корт ба USIM 2,55 сомониро ташкил медиҳад.

Бо Сим-корти нави USIM ман метавонам рақами телефони худамро нигоҳ дорам?

Бале, рақам ба номи шумо нигоҳ дошта мешавад.

Дар 4G алоқаи овозӣ кор мекунад?

Дар ҳоли имрӯз дар шабакаи LTE (4G) дар мавриди содир кардани даъвати овозӣ, ирсоли СМС-паёмак, гузариш ба шабакаҳои 3G, 2G (вобаста ба фарогирии шабака ва сифати сигнал) бидуни амалҳои иловагӣ аз ҷониби муштариён анҷом дода мешавад. Ҳамин тавр метавон гуфт, ки дар шабакаи LTE (4G) ба муштарӣ тамоми доираи хизматрасониҳои оператори МегаФон-Тоҷикистон дастрас мебошад.


Харитаи фарогирии 4G

Фарогирии шабакаи LTE руйхати шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Минтақа Ноҳияҳо ва шаҳрҳо
Душанбе Душанбе
НТМ Ваҳдат, Варзоб, Ҳисор, Лахш (Ҷиргатол) Нуробод, Рашт, Роғун, Рудакӣ, Тоҷикобод, Турсунзода, Файзобод
Суғд Айни, Б. Ғафуров, Бустон (Чкаловск), Деваштич (Ғончи), Ҷ. Расулов, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Спитамен, Худжанд
Хатлон А. Ҷомӣ, Бохтар (Курғон-Теппа), Вахш, Восеъ, Данғара, Ҷ. Балхӣ (Колхозобод), Ҷайхун (Кумсангир)
Дустӣ (Ҷиликул) Кабодиён, Кулоб, Кушониён, Левакант (Сарбанд), Муминобод, Обикик (Хуросон) Панҷ, Норак, Фархор, Хамадони, Шартуз, Ёвон
ВМКБ Хоруғ

Маълумот оид ба фарогирии шабака хусусияти тахминӣ дошта фарогирии аслии шабака ва суръати аслии қабул/таҳвили маълумотҳо аз намуд ва хусусиятҳои дастгоҳи абонентӣ, шароитҳо мавҷқабулкунии маҳалли будубоши муштарӣ, хусусиятҳои релеф ва шароитҳои обу ҳаво, миқдори муштариён бо дастгоҳҳое, ки дар ин шабака фаъолият мекунанд, вобаста мебошад.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред