«МегаФон Тоҷикистон» - Часто задаваемые вопросы
Ваш браузер устарел
Вы пользуетесь устаревшим браузером, который не поддерживает современные веб-стандарты и представляет угрозу вашей безопасности.
Пожалуйста, установите современный браузер:

Саволҳои нисбатан зиёд дода шуда

  1. a) VoLTE, ё Voice over LTE, — технологияи зангҳо бо расидани фаврӣ ва садои комилан тоза мебошад. Барои амал кардани технология смартфон бо дастгирии VoLTE ва SIM-корт бо дастгирии 4G лозим меояд.
  2. b) Пайвасткунии иловагии технология зарур намеояд, зеро фаъолкунии он дар танзимоти смартфон аллакай кофист.
  3. c) VoLTE дар шабакаи 4G МегаФон амал карда, ҳар он ҷое дастрас аст, ки шабакаи LTE мавҷуд мебошад.
  4. d) VoLTE ба арзиши зангҳо таъсир намерасонад: зангҳои воридотӣ ройгон буда, зангҳои содиротӣ мувофиқи шартҳои тарофаи Шумо пардохт карда мешаванд.
  5. e) Барои иштирокчии Иқдоми “VoLTE 2023” шудан танҳо хоҳиши худро дар сомонаи https://volte2023.megafon.tj/ тасдиқ намоед.

  1. a) Дорандагони кортҳои “Корти Миллӣ” имкон доранд, ки бо пешниҳоди худи корт ва шиноснома маблағро нақд намоянд.
  2. b) Баъди бомуваффақона гузаштани тартиби тасдиқи шахсият мизоҷ PIN-рамзи корти худро дар POS-терминал мустақилона ворид менамояд.
  3. c) Пас аз ин амал маблағ аз ҳисоби корт бо тарофаи “Cash out” берун карда шуда, корманди толор маблағи дархостшавандаро ба таври нақд пешниҳод мекунад.

  1. a) Зарур аст, ки дар замимаи МегаФон Life худро ба қайд гиред.
  2. b) Зарур аст, ки дар қисми Кошелек (Ҳамён)-и замимаи МегаФон Life худро ба қайд гиред.
  3. c) Ба қисми Кошелек (Ҳамён) ворид шавед.
  4. d) Парол муқаррар кунед.
  5. e) Рақами иловагӣ ё суроғаи электрониро нишон диҳед (дар ҳолати фаромӯш кардани пароли худ).
  6. f) Дар қисми Кошелек (Ҳамён) Мои карты (Мои карты) – Добавить карту (Дохилкунии корт)-ро интихоб карда, тамоми маълумоти зарурии кортро дохил намоед ва Получить код (Гирифтани рамз)-ро пахш кунед.
  7. g) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Барои гузаштан аз тартиби мушаххаснамоии Кошелек (Ҳамён)-и замимаи МегаФон Life Шумо бояд ба идораи наздиктарини хизматрасонии МегаФон ҳамроҳи корти ID (шиноснома) ҳозир шавед.
  2. b) Тартиби мушаххаснамоӣ ройгон дар ҳамаи Идораҳои хизматрасонии МегаФон амалӣ карда мешавад.
  3. c) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Зарур аст, ки ба замимаи МегаФон Life ворид шавед.
  2. b) Қисми Личный кабинет (Ҳуҷраи шахсӣ)-ро интихоб кунед.
  3. c) Қисми Расходы и пополнения (Хароҷот ва пуркуниҳо)-ро интихоб кунед.
  4. d) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Барои дастраскунии танзимоти автоматии Интернети GPRS зарур аст, ки дар дастгоҳи мобилӣ дархости *5049*3# тугмаи даъватро рақамчинӣ кунед.
  2. b) Баъди гирифтани смс бо танзимот онҳоро дар телефон нигоҳ доред.
  3. c) Истифодаи хизматрасонии Интернети GPRS ҳангоми дар тавозун мавҷуд будани маблағ дар ҳаҷми зиёда аз 0,50 TJS имконпазир аст.
  4. d) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Ба танзимоти телефон ворид шавед
  2. b) Қисми Голос и данные (Овоз ва маълумот)-ро интихоб кунед
  3. c) APN-ро интихоб карда, дар сатри APN internet-ро ворид намоед
  4. d) Дастгоҳро аз нав ба кор дароред
  5. e) Интернети мобилиро фаъол кунед
  6. f) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Барои фаъолкунии хизматрасонии интиқоли бешарти даъват аз як суроға ба суроғаи дигар дар дастгоҳи мобилӣ бояд дархости **21*+992907700160# даъват рақамчинӣ карда шавад.
  2. b) Барои фаъолкунии хизматрасонии интиқоли бешарти даъват аз як суроға ба суроғаи дигар тавозун бояд мусбат бошад.
  3. c) Барои фаъолкунии хизматрасонии интиқоли даъват аз як суроға ба суроғаи дигар пардохти абонентии тарофаи амалкунанда бояд пардохтшуда бошад.
  4. d) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Барои иваз кардани холҳои бонусӣ тавозун бояд мусбат бошад.
  2. b) Пардохти абонентии тарофаи амалкунанда бояд пардохтшуда бошад.
  3. c) Барои ивазкунии холҳои бонусӣ зарур аст, ки ба замимаи МегаФон Life, қисми Бонусы (Бонусҳо), сипас қисми Обменять свои баллы (Ивазкунии холҳои худ) ворид шавед, бастаи зарурии худро интихоб карда тугмаи Активировать (Фаъолкунӣ)-ро пахш кунед.
  4. d) Агар дар қисми мазкур Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовир диҳед.

  1. a) Барои санҷидани хизматрасониҳои пайвастшудаи пулакӣ зарур меояд, ки ба замимаи МегаФон Life, сипас Личный кабинет (Ҳуҷраи шахсӣ), Расходы и пополнения (Хароҷот ва пуркуниҳо) ва баъдан ба қисми Дополнительные услуги (Хизматрасониҳои иловагӣ) ворид шавед. (Пешниҳод дорам, ки маълумот дар бораи хизматрасониҳои иловагӣ, инчунин дархостҳо барои қатънамоии онҳо дохил карда шаванд, то ки муштарӣ мустақилона хизматрасониҳои пулакиро бе ёрии Онлайн-мушовир қатъ карда тавонад)
  2. b) Агар дар ин қисм Шумо ба саволи худ ҷавоби зарурӣ пайдо накарда бошед, онро ба Онлайн-мушовири мо диҳед.

  1. a) Маълумот дар бораи хизматрасонии мазкур
  2. b) Ҳолати пайвасткунии Хизматрасонӣ.
  3. c) Пайвасткунӣ *5001#
  4. d) Агар Шумо барои гирифтани маълумот дар бораи хизматрасонии мазкур хоҳиш дошта бошед, ба Онлайн-Мушовирони мо тариқи live.megafon.tj муроҷиат намоед.

  1. a) Хизматрасонии роумингро метавон бо муроҷиати шахсӣ ба дилхоҳ марказ ё идораи хизматрасонии муштариёни шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пайваст намуд. Барои анҷоми ин амал Шумо бояд аризаи махсусро пур кунед. Маълумот бо телефони (+992) 907700500. Агар Шумо нияти ба ҳудуди ФР сафар карданро дошта бошед, Шумо бояд Обунаи МегаФон дошта бошед, агар дар нақша сафар ба ҳудуди кишварҳои дигар бошад, бояд Обунаи МИР интихоб карда шавад.
  2. b) Дар кадом давлат Шумо роумингро истифода кардан мехоҳед?
  3. c) Интихоби давлат. (Аз рӯйи интихоби давлат система бояд муайян созад, ки дар он роуминги қулай амал мекунад ё классикӣ).
  4. d) Барои пайвасткунии хизматрасонии Роуминг Шумо бояд бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошед: Барои шахсони воқеӣ: ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки дар асоси он шартнома имзо карда шудааст ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи суроғаи макони доимии зист). Барои шахсони ҳуқуқӣ: ариза аз ташкилот, ки бо муҳр ва имзои шахсони масъули ташкилот тасдиқ карда шудааст. Пайвасткунии Роуминги CAMEL: Хизматрасонии Роуминги CAMEL дар рақами ҳамаи шахсони воқеӣ ба таври пешфарз фаъол карда шудааст. Шарти зарурӣ барои фаъолияти Роуминги CAMEL: маблағи тавозун бояд аз 3 Сомонӣ зиёд бошад.
  5. e) Хизматрасониҳои ройгон дар Роуминг *100# — тафтиши тавозун. *103*рақами муштарӣ# — хоҳиши зангзанӣ. *106*рақами муштарӣ# — хоҳиши пуркунии тавозун. *104# — бақияи бастаҳои пайвастшуда. *0333# — маълумот дар бораи роуминг Ҳамаи СМС-ҳои воридотӣ дар Роуминг РОЙГОНАНД!

  1. a) Бастаи Геймер трафики бемаҳдудро барои бозиҳои мобилӣ бе маҳдудияти суръат ва трафик пешниҳод менамояд: • PUBG Mobile • Call of Duty Mobile • World of Tanks Blitz • Clash of Clans
  2. b) Пайвасткунии бастаи “Геймер” дар доираи ҳамаи тарофаҳои тиҷоратии Ширкат имконпазир аст. Муҳлати амали бастаи “Геймер” ба 30 рӯз аз лаҳзаи пайвасткунӣ, новобаста аз санаи пайвасткунӣ баробар аст. Баъди анҷомёбии муҳлати амали бастаи “Геймер” баста пайвасткунии иловагиро тақозо накарда, ба таври автоматӣ ҳангоми дар суратҳисоб мавҷуд будани маблағи кифоя барои гирифтани пардохти абонентӣ мутобиқи арзиши бастаи “Геймер” тамдид карда мешавад. Сессияҳои интернетӣ ба ҷониби боло ба фосилаи нархугзории баробар ба 100 Кб. Яклухт карда мешаванд. Донистан муҳим аст: Ки ҳангоми истифодаи VPN дар реҷаи компрессияи маълумот, яъне бо ёрии қулфшиканҳо, ва инчунин ҳангоми тақсимоти WI-FI трафики интернет ҳангоми истифодабарии Бозиҳои мобилӣ аз ҳисоби бастаҳои дигари пайвастшуда ё аз рӯйи арзиши асосии Тарофаи Муштарӣ сарф карда мешавад.
  3. c) Арзиши Бастаи “Геймер” – 15 сомонӣ
  4. d) Пайвасткунӣ: *151#, Қатънамоӣ: *151*0#

  1. a) Ҳангоми истифодаи VPN, дилхоҳ намунаи браузери Opera ё дилхоҳ браузери дигар дар реҷаи компрессияи маълумот (қулфшиканҳо)
  2. b) Инчунин ҳангоми тақсимоти Wi-Fi трафик аз ҳисоби Бастаи асосии интернетӣ ё аз рӯйи арзиши асосии интернети Тарофаи “Биё! 2020” сарф карда мешавад.

  1. a) Истифодабарандагони фаъоли хизматрасонии Интернет метавонанд бо Онлайн-Мушовир тариқи сомонаи live.megafon.tj тамос гиранд.
  2. b) Инчунин Онлайн-Мушовирон ба муштариён дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, Одноклассники, ВКонтакте хизмат мерасонанд.
  3. c) Пайвастшавӣ ба Онлайн-оператор тариқи системаи худхизматрасонии Доно, Чат Боти МегаФон Life, Telegram, Viber, Skype ва Facebook Messenger имконпазир аст.

  1. a) Пардохти боваршуда+ тариқи дархости *121#.
  2. b) Ба Муштариён имкони бекоркунии пардохти боваршуда+ тариқи USSD-дархости *121*0# имконпазир аст (агар муштарӣ зиёда аз 1 сомонӣ сарф карда бошад, баргардонидани маблағ ғайриимкон аст.
  3. c) Пардохти боваршударо Муштариён метавонанд якчанд маротиба то расидан ба ҳаҷми максималии Пардохти боваршуда ба даст оваранд (ба Муштарӣ қарз дар ҳаҷми 20 сомонӣ дастрас аст, у имкон дорад, пардохти боваршуда+-ро ба маблағи 10 сомонӣ ба муҳлати 3 рӯз дастрас карда, пас аз фосилаи муайяни вақт бо назардошти муҳлати амали ПБ+-и аввал боз 5 сомонӣ қарз гирад, лекин агар ин ҳам кифоя набарояд, муштарӣ метавонад бе гузаштани муҳлати амали ПБ+ боз 5 сомонӣ гирад. Хоҳишмандем, ҳангоми машваратдиҳӣ ба мизоҷон ин маълумотро ба назар гиред.

© 2019 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Здравствуйте.

Могу ли я Вам помочь?

Или свяжитесь с нами удобным вам споcобом