Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

19 Марта 2020

Якумин оператори имкониятҳои нави рақамӣ васеъкунии доираи толорҳои фирмавиро идома дода истодааст.    Хизматрасонии беҳтарин барои мизоҷони амалкунанда ва минбаъдаи МегаФон  дар ду бозори калони пойтахт дастрас мешавад.  

26 Февраля 2020

Аз тарафи МегаФон Тоҷикистон  экскурсия барои донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Толибилмон бо инфрасохтор ва хизматрасонии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ шинос шуда,   оид ба шаклҳои гуногуни таъмини ҳамаи сокинон бо алоқаи боэътимод ва босифат воқиф гардиданд.      

21 Февраля 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” корбурди қисми якуми шабакаи алоқаи насли панҷумро оғоз намуд. Суръатҳои ниҳоят баланди интернети мобилӣ ба мизоҷони оператор дар маркази шаҳри Душанбе – дар ҳудуди майдони Исмоили Сомонӣ дастрас гардиданд.

17 Февраля 2020

МегаФон Тоҷикистон феҳристи хизматрасониҳоеро, ки дар марказҳои хизматрасонии муштариён дастрасанд, васеъ менамояд.    Махсусан, дар он ҷо  пардохти маблағ аз рӯи расид барои истифодаи об ва қувваи барқ, ворид намудани маблағ барои адои қарз, пардохти маблағи интернети хонагӣ ва телефония, ҳисоби депозитӣ,  пур кардани тавозуни муштариёни дигар операторони алоқа имконпазир мегарданд.   Маблағҳои пардохт бе комиссия дар дилхоҳ идораи МегаФон қабул карда мешаванд.

13 Февраля 2020

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба мизоҷони худ намуди нави кортҳои еSIM-ро пешкаш гардонд.     Дар муқоиса бо сим-кортҳои маъмулӣ,  онҳо  шакли модули ба дастгоҳи муштарӣ насбшударо доранд ва насби «механикӣ»-ро талаб наменамоянд.   eSIM-ро  ба сифати корти иловагӣ  дар смартфонҳо ва планшетҳо, инчунин барои пайвасткунӣ ба шабакаи мобилии гаҷетҳое, ки слот барои  SIM-корт надоранд, масалан соатҳои доно, истифода бурдан мумкин аст.    

12 Февраля 2020

Дар “Академияи МегаФон” бори нахустин дар кишвар силсилаи семинарҳои ройгони SputnikPro баргузор карда шуд. Дар давоми ду рӯз кормандони ВАО-и шаҳри Душанбе бо коршиносон масъалаҳои мубрами касбиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба иштирокчиён на танҳо ҳуҷраи “Академия”-и худ, балки инчунин дастрасии босуръати Wi-Fi-ро ба интернет пешниҳод намуд.

10 Февраля 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Бозёфт-2019”-ро табрику таҳният гуфт. Туҳфаҳои оператори нахустини имкониятҳои нави рақамиро хонандагони синфи 11-и литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд. Хонандагон инчунин дар озмуни авроосиёӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

5 Февраля 2020

6 ва 7 феврал дар Тоҷикистон бори аввал модули омӯзишии ройгони SputnikPro гузаронида мешавад. Шарики чорабинӣ – ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои машғулиятҳо макони эҷодии худ «Академияи МегаФон» -ро (воқеъ дар кӯч. Бухоро, 34) пешниҳод карда, дастрасии иштирокчиёнро ба интернет бо технологияи Wi-Fi таъмин менамояд.

30 Января 2020

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» натиҷаҳои инкишофи шабакаи 4G-ро дар вилояти Суғд ҷамъбаст намуд.     Соли 2019 интернети босуръаттарини мобилӣ* боз барои 1 000 000 сокинони минтақа дастрас гардид: аллакай имрӯз онҳо метавонанд дарҳол саҳифаҳои интернетиро боргирӣ намоянд, видеоро ба таври онлайн тамошо кунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро аксбардорӣ намуда, дар онлайн-бозиҳо бозӣ кунанд.    

29 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Толори нави алоқа дар деҳаи Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ба фаъолияти худ оғоз намуд. Дар рӯзи кушодашавии он ҳар як муштарие, ки тарофаи “Биё: Фаъол бош”-ро интихоб намуд, купонро барои пайвасткунии ройгони хизматгузории “Арбуз ТВ” барои тамошои онлайни шабакаҳои рақамии телевизионӣ ба даст овард.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?