Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
Шахсан ё дар гурӯҳ муошират намо, занг зан ё навис, ба навор гир ё садо сабт намо, стикер ва смайл равон кун! Зуд ва самарабахш хизматрасониҳоро идора намо, баста ва опсияҳоро пайваст/қатъ намо, аз бақияи бастаҳо огоҳ бош, хароҷотҳоро назорат карда, суратҳисобатро пур намо! Навъи муоширати худро бо «МегаФон Life» интихоб намо!
*Дастурамал барои насби APK файл дар таҷҳизот бо ОС Android.
** Барои муштариёни МегаФон Тоҷикистон трафик нархгузорӣ карда намешавад.
«МегаФон Life» — замимаи мобилӣ, дар худ Мессенджер, Ҳуҷраи шахсӣ ва Идораи барномаи «Раҳмат» дорад.
Мессенджер – бо ёрии он шумо метавонед ба дӯстони худ паём равон кунед, гурӯҳи чат кушоед, занг занед, сурат, навор ё дигар файлҳоро фиристед.
Ҳуҷраи шахсӣ – имконият медиҳад, ки қулай ва зуд хароҷотҳоро назорат намоед, суратҳисобро пур кунед, хизматрасонӣ ва опсияҳоро идора намоед, тарофаро иваз кунед, бақияи бастаҳоро назорат баред.
Барномаи «Раҳмат» – ба шумо имконият медиҳад, ки холҳои ҷамъшударо ба дақиқаҳо, SMS ва Интернет иваз намоед.
Ҳамён (Кошелёк) – имконият медиҳад, ки суратҳисоби наздиконро, аз ҷумла муштариёни дигар операторонро, пур намоед, хизматрасониҳои гуногунро бо истифодаи маблағи суратҳисоби телефонатон пардохт намоед. Замима танҳо ба муштариён – шахсони воқеии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастрас мебошад.
Маълумоти бештар дар суроғаи зерин дастрас аст infolife.megafon.tj
Бо шартҳои махфияти замима метавонед дар ин ҷо шинос шавед.