Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дар бораи ширкат
  • Вазифа ва дурнамои ширкат
  • Реквизитҳо
  • Шартҳои хизматрасонӣ
  • Иҷозатномаҳо
  • Қабули шаҳрвандон

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” (ҶСП “ТТ мобайл”) 

Ширкати коммуникатсионии пешбар ва таъмингари асосии рақамишавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оператори асосии давлатӣ бо ҳиссаи “Тоҷиктелеком” дар ҳаҷми 25%. Фаъолияти маърифатиро дар байни аҳолии кишвар ба таври фаъол пеш мебарад, лоиҳаҳои сершумори омӯзишӣ, хайриявӣ ва иҷтимоиро амалӣ мегардонад. 


Маълумоти умумӣ

МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар кишвар шабакаҳои кандуии стандартҳои 3G, 4G/LTE ва 5G-ро ба кор даровард. Ширкат дорои иҷозатномаҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳои хадамотҳои телематикӣ ва таҳвили маълумот (аз ҷумла IP-телефония) мебошад. Ягона оператори ҷумҳурист, ки ҳамзамон хизматрасониҳоро дар басомадҳои  LTE 800, 1800, 2300 ва 2600 МГтс пешниҳод менамояд.  

МегаФон Тоҷикистон дар ҳиссаи бозор аз рӯи муштариён мақоми пешсафро соҳиб шудааст. Дар айни замон аз хизматрасониҳои ширкат зиёда аз 2 миллион муштариён – шахсони воқеӣ истифода мебаранд, ки ин наздики 30% шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

МегаФон Тоҷикистон корфармои бомасъулият мебошад. Дар ширкат 900 корманд фаъолият дорад (маълумот ба ҳолати с.2024). Ҳайати ширкат аз чор раёсати минтақавӣ: раёсатҳои минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва НТМ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ иборат мебошад. 

Ба Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” доираи нисбатан васеи хизматрасониҳои рақамӣ дастрас мебошад. Экосистемаи digital-хизматрасониҳо IP-телевизион, тибби онлайн, fintech ва киберварзишро дар бар мегирад. Замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки ба шарофати он ба сокинони кишвар даҳҳо хизматрасониҳои рақамӣ дастрас ҳастанд, аз рӯи вазифаҳои худ барои Тоҷикистон замимаи нодир аст. Замима маҳсули дастри таҳиягардони худи оператор мебошад.  

Ширкат ҳарсола барои рушди инфрасохтори алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зиёд сарф менамояд. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар даҳ сол 153,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар даҳ соли охир ширкат ба буҷаи кишвар беш аз 4,5 миллиард сомонӣ андоз ворид кардааст.


Таърихи ширкат. Инноватсияҳои технологӣ

ҶСП “ТТ мобайл” (тамғаи тиҷоратии “МЛТ”) 3 сентябри соли 2001 таъсис дода шудааст. Ширкат пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи кандуии стандартҳои GSM 900/1800 МГтс-ро аз 2 октябр шурӯъ карда, занги аввалин дар шабакаи “МЛТ” 5 октябри соли 2001 садо дода шуд.  

Дар соли 2005 МегаФон дар Тоҷикистон аввалин шабакаи насли сеюм (3G)-ро бо стандарти UMTS роҳандозӣ намуд.

Моҳи феврали с.2011 ширкат аввалин шуда дар Тоҷикистон дар реҷаи тестӣ шабакаи 4G/ LTE-ро ба кор даровард.  

Дар моҳи июли соли 2011 ребрендинг гузаронида шуд. Аз он лаҳза Ширкат таҳти бренди “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият дорад.

9 октябри с.2015 ширкат аввалин LTE-роуминги дуҷонибаро байни операторони Тоҷикистон бо ҶСО “МегаФон” (Россия) ташкил намуд.

Дар с.2015 МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар кишвар фаъолияти системаи огоҳкунии аҳолиро дар бораи селфароиҳо мавриди санҷиш қарор дод. Бо ин мақсад дар таҷҳизоти андозакунандаи сатҳи об дар минтақаҳои кӯҳӣ SIM-кортҳо гузошта шуда буданд. Ҳангоми ба миён омадани ҳолати фавқуллода сокинон хабарро тариқи шабакаҳои муқаррарии алоқа дар шакли SMS-паёмакҳо ба даст меоранд. Айни замон системаи огоҳкунӣ дар бораи ҲФ дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш амал карда, системаи мазкур инчунин дар деҳаи Панҷрӯд ва минтақаи кӯли Сарез роҳандозӣ шуда истодааст. 

Дар соли 2017 “МегаФон Тоҷикистон” аввалин шуда дар кишвар “Ҳамёни мобилӣ”-ро бо имкони анҷомдиҳии пардохт ба воситаи тавозуни амалкунандаи рақами мобилии мизоҷи хизматрасониҳои алоқа ба кор даровард.

Соли 2018 ширкат бори аввал онлайн-кинотеатрро бо пахши силсилафилмҳои ҷаҳонии шабакаи НВО ва бисёр шабакаҳои дигар роҳандозӣ карда, соли 2019 аввалин шуда дар Тоҷикистон стриминги телевизиони мобилӣ – хизматрасонии “Арбуз ТВ”-ро ба кор даровард (он зиёда аз 100 шабакаро дар бар мегирад).

Дар қатори хизматрасониҳои инноватсионии рақамие, ки оператор солҳои 2019-2020 ҷорӣ кардааст, портали “MegaMusic” бо дастрасӣ ба миллион-миллион трекҳои сарояндагони тоҷик ва хориҷӣ, порталҳои  “MegaGames”, “MegaPressa” ва портали кӯдаконаи “Mega Kids” қарор доранд.  

Дар моҳи феврали соли 2020 МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар кишвар ба мизоҷони худ намуди нави кортҳо – еSIM-ро пешниҳод намуд. Кортҳои инноватсионии электронӣ воситаи муосири ивазкунии SIM-кортҳои стандартӣ ба шумор рафта, онҳоро метавон на танҳо ҳамчун корти иловагӣ дар смартфону планшетҳо, балки инчунин барои пайвастшавӣ ба шабакаи мобилии гаҷетҳое, ки барои SIM-кортҳои воқеӣ слот надоранд (соатҳои доно, модулҳои системаи “Хонаи доно”, фитнес-дастбандҳо) истифода намуд.  

21 феврали соли 2020 МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар кишвар роҳандозии хизматрасониҳои алоқаи кандуии стандарти 5G-ро оғоз намуд. Ҷузъи якуми шабакаи нав дар шаҳри Душанбе фаъол карда шуд. Бартарияти асосии шабакаи насли панҷум аз суръатҳои ниҳоят баланди “гигабитӣ”-и интернети мобилӣ иборат аст. Онҳо имкон медиҳанд, ки лоиҳаҳои бомиқёс дар соҳаи IoT ва интернети  саноатии молҳо амалӣ карда шаванд.

Аз соли 2021 ширкат хизматрасонии таҳвили маълумоти собити баландсуръат (ТМСБ) – дастрасии ноқилиро ба шабакаи интернет инкишоф медиҳад. Дар айни замон ба “Интернет барои хона” аз рӯи технологияи GPON зиёда аз 900 оила дар ш.Душанбе ва зиёда аз 700 идораҳои ширкатҳои мухталиф дар тамоми кишвар пайваст карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, ба доираи хизматрасониҳои иловагӣ “ИТ-Аутсорсинг”,  NGN-телефония, “Маркази тамоси виртуалӣ”, хизматрасонии Сolocation (МКМ), телевизиони IPTV бо зиёда аз 500 шабакаҳои рақамӣ ҳам барои шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам барои шахсони воқеӣ дохил мешаванд.

Соли 2021 ба қуллаи кӯҳии воқеъ дар наздикии истироҳатгоҳи маъруфи “Сафед-Дара” дар ноҳияи Варзоб расман номи “Қуллаи МегаФон” дода шуд. Ҳамин тавр оператор ҷашни худ – 20-солагии фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд.

Дар с.2022 МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар бозори телекоммуникатсионии кишвар технологияи VoLTE (Voice over LTE – “овоз дар шабакаи LTE”)-ро роҳандозӣ намуд. Он имкон медиҳад, ки даъватҳои овозӣ бе тарки шабакаи насли чорум анҷом дода шуда, дар баробари ин истифодаи интернети босуръати мобилӣ идома дода шавад. Садоро бо технологияи VoLTE аллакай 315 ҳазор муштариён пайваст намуданд. Истифодабарандагони фаъолтарин – сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат ва Рӯдакӣ.

Рӯзҳои 3 ва 4 июни соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд ширкати “МегаФон Тоҷикистон” консерти ройгони ситораҳои эстрада ва KidsDay барои сокинони вилояти Суғд баргузор кард. Дар ин чорабиниҳо бахшида ба 20-умин солгарди фаъолияти ин ширкат дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор нафар ширкат доштанд.


Инфрасохтори ширкат

Шабакаи технологии оператор наздики 5 000 пойгоҳҳои базавии стандартҳои мухталифро дар бар мегирад. 4G-интернети босуръати ширкат ба 70% сокинони кишвар ва, дар маҷмӯъ,  хизматрасониҳои алоқа ба 95% аҳолии ҷумҳурӣ дастрас ҳастанд.

МегаФон Тоҷикистон шабакаро дар ҳудуди кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои баландкӯҳ фаъолона инкишоф медиҳад. Рекордгузор аз ҷиҳати баландии гузошта шудани таҷҳизот – пойгоҳи базавии “Кулма” дар сарҳад бо Хитой (4 365 метр аз сатҳи баҳр).

МегаФон Тоҷикистон аз ҷиҳати дарозии ХАНН-и дар ҳудуди кишвар гузаронидашуда низ пешсаф мебошад (наздики 2 000 км хатҳои алоқаи нахӣ-нурии хусусӣ). Дар заминаи ҳамин инфрасохтор хизматрасониҳои МКМ, ТМСБ пешниҳод карда мешаванд.

Оператор шабакаи бузургтарини савдоро ташкил намуд, ки он аз 390 идораҳои фурӯшҳо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.


Лоиҳаҳои иҷтимоӣ

МегаФон Тоҷикистон аз аввали солҳои фаъолияти худ лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва хайриявиро ба манфиати иттиҳодияҳои маҳаллӣ ва тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Ширкат ба мактабҳо, боғчаҳои бачагона, муассисаҳои махсусгардонидашудаи таълимии кишвар пайваста кӯмак мерасонад. Ҳамин тавр, аз соли 2010 МегаФон Тоҷикистон иштироки тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳоро дар мусобиқаи футбол бо унвони “Оянда аз ту вобаста аст” таъмин менамояд. Аз он вақт зиёда аз 1500 бачагони тоҷик, ки таҳти нигоҳубини давлат қарор доранд, имкон пайдо карданд, ки  қобилияти варзишии худро нишон диҳанд. Баъзеи онҳо ҳатто касбу кори варзишии худро шуруъ намуданд. Дар даври ниҳоии байналмилалӣ дар Сочи тӯли ин солҳо зиёда аз 500 футболбозони ҷавони кишварамон ширкат варзиданд. Бачагон маротибаҳои зиёд дар даври ниҳоӣ натиҷаҳои баланд нишон дода, соҳиби туҳфаи асосӣ – сафар ба Лондон ба қароргоҳи клуби футболи “Арсенал” шуданд.

Дар давоми солҳои зиёд МегаФон Тоҷикистон ба муаассисаҳои махсусгардонидашудаи ҷумҳурӣ кӯмак мерасонад. Ҳамин тавр, ширкат ба интернати воқеъ дар ҷамоати Қаракӯли Мурғоб, ки таҳти сарпарастии ширкат қарор дорад, кӯмаки худро равона месозад. Тӯли муддати тӯлонӣ ширкат инчунин интернати кӯдакони водии Бартанги воқеъ дар минтақаи дурдасти Помирро низ дастгирӣ мекард. 

Ҳарсола 23 феврал МегаФон Тоҷикистон барои кормандони низомӣ иқдомҳо гузаронида, ба онҳо имкон медиҳад, ки ройгон ба хонаи худ ба дилхоҳ нуқтаи кишвар занг зада, бо наздикон муошират намоянд.

Аз соли 2019 дар боғҳои шаҳрии Душанбе Wi-Fi-и ройгон аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас аст. Айни замон минтақаҳои Wi-Fi дар ҳудуди боғҳо ва иншшотҳои дигари зерин мавҷуд мебошанд:

·                    боғи истироҳат ва фарҳанги ба номи С.Айнӣ, ш.Душанбе;

·                    боғи ба номи А. Дониш, ш. Душанбе;

·                    маҷмааи “Истиқлол”, ш. Душанбе;

·                    боғи шаҳрии “Боғи Рӯдакӣ”, ш. Душанбе;

·                    боғи “Куруши Кабир”, ш. Душанбе;

·                    боғи фарҳанг ва истироҳати “Ҷавонон”, ш. Душанбе;

·                    боғи ба номи Фирдавсӣ, ш.Душанбе;

·                    маркази ш.Хоруғ;

·                    боғи ба номи Лоҳутӣ, ш.Бохтар;

·                    боғи марказӣ, ш.Кулоб.

МегаФон Тоҷикистон дар бисёр рӯйдодҳои базург ба ҳайси шарики рақамӣ баромад намуда, алоқа ва интернети баландсуръати мобилиро ба иштирокчиёни хакатонҳо, мусобиқаҳои киберварзишӣ, бизнес-форумҳои сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пешниҳод менамояд. SIM-кортҳои МегаФон Тоҷикистонро кӯҳнавардоне, ки қуллаҳои баландтарини Тоҷикистонро фатҳ менамоянд, аъзоёни мотоклубҳое, ки масофаҳоро дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон тай мекунанд, дастрас менамоянд.

МегаФон Тоҷикистон диққати махсусро ба лоиҳаҳои омӯзишӣ равона мекунад. Аз ҷумла Ширкат барои сокинони навоҳии дурдаст дарсҳоро оид ба саводнокии компютерӣ ва мобилӣ, оид ба рафтори бехатар дар интернет барои талабагон ташкил менамояд. Дар минтақаҳои Тоҷикистон дарсҳо оид ба саводнокии молиявӣ гузаронида мешаванд, ки дар рафти онҳо сокинони кишвар дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва воситаҳои муосири идоракунии маблағҳо тасаввурот пайдо мекунанд. Бо мақсади амалисозии лоиҳаҳои омӯзишӣ ширкат дар Душанбе зерсохтори махсус – “Академияи МегаФон”-ро таъсис додааст, ки дар бинои он дарсу машғулиятҳо ҳам барои кормандони ширкат ва ҳам барои аудиторияи васеъ гузаронида мешаванд.

МегаФон Тоҷикистон бо макотиби олии пешбари кишвар ҳамкорӣ намуда, дар ташкили гурӯҳи миллии мутахассисон дар соҳаи ТИ ва телеком кӯмак мекунад. Ҳамин тавр, соли 2022 лоиҳаи “Digital Future Cup” амалӣ карда шуд, ки шабеҳи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Дар рафти он донишҷӯёни макотиби олии пешбар тимсоли хизматрасониҳои электронии давлатиро таҳия намуданд. Коршиносони ширкат лексияҳо мехонанд, барои донишҷӯёни ихтисосҳои соҳавӣ машғулиятҳои омӯзишӣ доир менамоянд. Ба ғайр аз ин, дар ширкат барномаи коромӯзиҳои донишҷӯён амал менамояд. Мутахассисони ҷавон донишҳою малакаҳои навро мегиранд, лекин на ҳамаи онҳо имкони идомаи корро дар ширкат доранд, зеро дар масъалаи ба ширкат қабул намудани кадрҳои нав маҳдудиятҳои муайян ҷой доранд.   

Лоиҳаҳои иҷтимоии ширкат дастгирии соҳаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар доранд. Аллакай якчанд шаҳри кишвар ба сифати туҳфа аз оператор арт-иншоотҳоро туҳфа гирифтанд. Онҳо ба маконҳои нави тамошобоби сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Дар соли 2017 МегаФон Тоҷикистон дар маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” композитсияи меъмории “Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро гузошта буд. Ба ин ташаббус суруди филми ҳамном аз студияи “Тоҷикфилм” илҳом бахшид, ки соли 1957 наворбардорӣ шуда буд. Дар соли 2018 ба муносибати Соли туризм ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ширкат дар маркази Бохтар ва Хуҷанд арт-иншоотҳоро бо навиштаҷоти  "I love Bokhtar” ва “I love Khudjand” гузошта буд. Бо дастгирии ширкат китобҳо нашр мешаванд, суратнамоишгоҳҳои махсус, ки дастовардҳои таърихию фарҳангии кишварро пешбарӣ карда, ба таҳкими иқтидори туристии ҷумҳурӣ ва инкишофи робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ташкил мегарданд. 

Рӯйдодҳои аз ҳама барҷаста консертҳое мебошанд, ки аз ҷониби ширкат, аз ҷумла ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ ташкил карда мешаванд. Масалан, дар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе фестивали “МегаФон Life Фест” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор шуда буд. Фестивали дуюм, ки соли 2022 гузаронида шуд, дар ипподроми “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт зиёда аз 15 ҳазор меҳмононро ба ҳам овард. 3 ва 4 июни соли 2023 дар Хуҷанд МегаФон Тоҷикистон барои сокинони вилояти Суғд ройгон консерти ситораҳои эстрада ва KidsDay-ро доир намуд. Ба чорабиниҳои мазкур зиёда аз 30 ҳазор нафар ташриф оварданд. 

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” соҳаҳои варзиш, фарҳанг, маориф, ва инчунин хонаҳои кӯдаконро зиёд дастгирӣ менамояд. Лоиҳаҳои техникӣ ва иҷтимоии он ба рақамишавии иқтисодиёти Тоҷикистон, такмили сифати ҳаёти ҳамаи табақаҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.


Унвону мукофотҳо

с. 2010 – унвони “Ширкати халқии Тоҷикистон” аз рӯи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони мустақили Тоҷикистон гузаронида шуда буд.

с. 2013 – унвони “Бренди сол” дар соҳаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аз рӯи натиҷаи озмуне, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Озмун ҳар 3 сол гузаронида мешавад.

с. 2017 – такроран унвони “Бренди сол” дар соҳаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тақдим карда шуд.

с. 2017 – гран-прии озмуни PROBA ICCO Global Awards барои эҷодкорӣ.

с. 2019 – ширкати Ookla, таҳиякунандаи маъруфи замимаи мобилии SpeedTest ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар доираи натиҷаҳои семоҳаҳои II ва III ширкати “МегаФон Тоҷикистон"-ро бо мақоми пешсаф аз рӯи суръати интернети мобилӣ қадрдонӣ намуд. Андозагириҳои мустақил бо ёрии SpeedTerst аз ҷониби муштариёни ҳамаи операторони кишвар гузаронида мешуданд.

с. 2019 – туҳфаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ҳамчун андозсупорандаи беҳтарини сол.

с. 2019 – туҳфаи Eventiada IPRA Golden World Awards барои лоиҳаи “Конфронси байналмилалии Hi Brand Pamir”.

с. 2020 – мукофоти байналмилалии Eventiada IPRA Golden World Awards барои лоиҳи “Алоқачӣ – боиси ифтихор аст”.

с. 2021 – мукофоти ширкати OOKLA барои суръатҳои баландтарини интернети мобилӣ дар ҷумҳурӣ.

с. 2021 – туҳфаи мукофоти байналмилалии Еventiada IPRA Golden World Awards барои лоиҳаи “Қуллаи МегаФон”.


Тамосҳо

Директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – Изюмников Анатолий Анатолевич.

Суроға (идораи марказӣ): Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, к.Ҳувайдуллоев, 73/2

Сомонаи расмӣ: https://megafon.tj/

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред