Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
  • Раҳмат

Раҳмат

Барномаи мукофотии «Раҳмат» - ин изҳори сипоси Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ҳар як муштарии мо мебошад.

Муштариёни гиромӣ! Ба шарофати шумо мо ҳамеша барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда кор карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба шумо на танҳо сифати баланди хизматрасонӣ, тарофа ва хизматрасониҳои муфид дастрас бошанд, балки хароҷоти шумо барои алоқа сарфа карда шаванд. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои интихоб аз шумо сипосгузор аст. Барои он, ки ба мо боварӣ доред ва солҳои зиёд бо мо ҳастед!

Ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» пайваст гардида, шумо автоматӣ иштирокчии баромаи мукофотии «Раҳмат» шуда, 5 холи даъватӣ мешавед. Минбаъд танҳо алоқаи мобилиро истифода намуда, соҳиби холҳои мукофотӣ мешавед, ки метавонед онҳоро ба мукофотҳои гуногун иваз намоед: дақиқаҳои иловагӣ, бастаи SMS, бастаи интернет, хизматрасониҳо, маводҳои брендӣ ва таҷҳизоти мобилӣ.

Иштирок дар барнома ройгон!

Ба иштирокчиёни барнома барои ҳамаи хизматрасониҳои асосии алоқа – занги содиротӣ, SMS/MMS-хабар ва интернет трафик холҳои мукофотӣ дода мешаванд. Дар барнома метавонанд ҳамаи муштариёни тарофаҳои тиҷоратӣ иштирок намоянд. Барнома сатҳи иштирокро пешбинӣ кардааст: «Junior» ва «Premium».

  • Сатҳи «Junior»* — муштариёни нави шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд, ки дар алоқа на зиёда аз 4 моҳ хизмат расонида мешаванд. Афзалияти сатҳи мазкур дастрас будани мукофотҳои иловагӣ бо арзиши камтарин мебошад, ки ба Шумо имконият медиҳад, ки аз моҳи аввал иштирокчии фаъоли барномаи «Раҳмат» бошед.

  • Сатҳи «Premium» — ин ҳамаи муштариёни шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд, ккт дар шабакаи зиёда аз 4 моҳи хизмат расонида мешавад. Дар ин ҷо мукофотҳои иловагӣ дастрас намебошанд, аммо номгӯи васеъи мукофотҳо бо арзиши гуногун пешниҳод карда мешавад.

Холҳо чӣ тавр ҷамъ карда мешаванд?

  • Холҳои мукофотӣ автоматӣ дода мешаванд: барои ҳар як 5 сомонӣ (бо назардошти ААИ ва аксиз), ки ба хизматрасонии алоқа сарф мешавад, ба Шумо як хол дода мешавад. Холҳо вобаста ба маблағи сарфшуда барои моҳи тақвимии қаблӣ дода мешавад.
  • Тафтиш намудани ҳисоби ҷории холҳо тавассути рақамгирӣ намудани *100# амалӣ мегардад.

Холҳо барои чӣ дода намешаванд?

  • барои хизматрасонии роуминг;
  • барои занг ва ирсоли хабар ба хадамотҳои иттилоотӣ ва фароғатии музднок (овоз, SMS ва MMS-сообщения, USSD-дархостҳо);
  • барои зангҳо ба самтҳои байналмиллалӣ;
  • барои истифодаи хизматрасонии «Замени Гудок»;

Холҳо чӣ тавр истифода бурда мешаванд?
Барои фаъолнамии мукофоти интихобгарди-да, амалҳои зерин лозим мебошанд:

  • ирсоли SMS-хабар бо рамзи мукофот (аз каталог) ба рақами ройгони 0505;
  • дар телефони мобилии худ рақамгирии дархости *0505*рамзи мукофот (аз каталог)#;

 

• Мукофотҳоро аз каталоги мо интихоб намоед:
Мукофот USSD-дархост Арзиш бо холҳо
20 дақиқа дар дохили шабака шабака *0505*16# 10
60 дақиқа дар дохили шабака *0505*42# 25
100 дақиқа дар дохили шабака *0505*18# 45
10 дақиқа ба дигар ширкатҳои мобилӣ *0505*25# 20
30 дақиқа ба дигар ширкатҳои мобилӣ *0505*44# 40
100 дақиқа ба дигар ширкатҳои мобилӣ *0505*47# 90
15 дақиқа ба Русия *0505*34# 30
10 дақиқа ба СБ Қазоқистон *0505*48# 35
10дақиқа ба СБ Қирғистон *0505*50# 35
10 дақиқа СБ Афғонистон *0505*52# 60
10 дақиқа СБ Узбекистон *0505*54# 20
10 дақиқа СБ ИМА *0505*56# 20
10 дақиқа СБ Туркия *0505*58# 35
10 дақиқа СБ Чин *0505*60# 20
10 дақиқа СБ АМА *0505*99# 45
20 SMS дар худуди ҶТ *0505*11# 10
100 SMS дар худуди ҶТ *0505*38# 30
Интернет 30 Мб *0505*32# 15
Интернет 100 Мб *0505*33# 30
Интернет 200 Мб *0505*63# 60
Интернет 500 Мб *0505*64# 120
Интернет 1000 Мб *0505*65# 210
Интернет 2000 Мб *0505*66# 380
 
*Мукофотҳои иловагӣ барои сатҳи «Junior»


*Мукофотҳои иловагӣ барои сатҳи «Junior»

Мукофот USSD-дархост Арзиш бо холҳо
10 дақиқа дар дохили шабака *0505*78# 5
5 дақиқа ба дигар ширкатҳои мобилӣ *0505*80# 6
10 дақиқа ба дигар ширкатҳои мобилӣ *0505*81# 10
5 дақиқа ба Русия *0505*82# 10
5 SMS *0505*73# 3
10 SMS *0505*74# 5
5 Mb Интернет *0505*75# 5
                                        


                                                                                                                     ДИГАР АМАЛҲО:

Инчунин мукофотро метавонед ба дигар муштарии шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» фаъол гардонед:

Барои ин рақамгирӣ намоед: *0505*<Рамзи дархост*<Рақами телефон, ки ба он мукофот фаъол карда мешавад># ва тугмачаи занг. Мукофотҳои сатҳи «Junior» ба дигар муштарӣ фаъол карад намешаванд.

Баъди фаъол намудани мукофот, кай ман метавонам аз он истифода намоям?

  • Баъди фаъол намудани мукофот шумо метавонед аз он баъди 15 дақиқа пас аз гирифтани SMS-хабари воридотӣ бо маълумот оиди муваффақ фаъол гардидани мукофот истифода намоед.

Мӯҳлати амали мукофоти фаъолгардонидашуда чӣ қадар мебошад?

  • Мӯҳлати амали мукофоти фаъолгардонидашуда 30 рӯз аз рӯзи фаъолгардонӣ мебошад.

                                                                                                                  ДАРХОСТҲОИ АСОСӢ:

*0505# Дархости шумораи холҳо

*0505*3# Мукофотҳои фаъолгардонидашу-да ва бақияи онҳо

*0505*4# Шумораи холҳо, ки мӯҳлати онҳо дар моҳи ҷорӣ ба охир мерасад

Агар ман хизматрасониро фаъол намоям, ки бастаи онро аллакай пайваст намудаам, чӣ мешавад? Кадоме аз онҳо аввал истифода бурда мешавад?

  • Дар ҳолати доштани бастаи амалкунандаи хизматрасониҳо ва ҳамзамон фаъолнамоии мукофот (бастаи мукофот бо хизматрасонии мазкур), аввал хизматрасоние, ки ба бастаи мукофот тааллуқ дорад, сарф карда мешавад. Масалан, агар Шумо қаблан бастаи «М 1000»-ро пайваст карда, баъдан мукофоти «Интернет 100 Мб»-ро фармоиш намоед, аввал трафик аз бастаи мукофот, яъне «Интернет 100 Мб» сарф мешавад.

Агар ман якчанд мукофотҳои монанд (масалан, бастаи «20 SMS-хабар» ва бастаи «5 SMS-хабар) якбора фаъол намоям, кадоме аз онҳо пештар сарф мешавад?

  • * Агар шумо якчанд мукофотҳои монанд (масалан, бастаи «20 SMS-хабар» ва бастаи «5 SMS-хабар) якбора фаъол намоед, бастае, ки якум онро фаъол намудед, новобаста аз ҳаҷми он, пештар сарф карда мешавад.

Мӯҳлати амали холҳои мукофотӣ чӣ қадар аст?

  • Холҳои мукофотӣ 6 моҳ амал мекунанд. Баъди ба охир расидани ин мӯҳлат, холҳои ҷамъшуда ва истифоданашуда қатъ карда мешаванд.

Чӣ тавр бештар холҳои мукофотиро ба даст овардан мумкин аст?

  • Дар иқдомҳои махсуси МегаФон иштирок карда ва имкониятҳои иловагии барномаро истифода намуда, Шумо метавонед холҳои мукофотиро тезтар ба даст оред. Моро пайгири намоед. Инчунин диққат диҳед, ки мӯҳлати амали холҳои иловагӣ аз мӯҳлати амалӣ холҳои оддӣ фарқ менамояд.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?