Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

27 Декабря 2019

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор толори фирмавӣ кушодааст. Он нахустин нуқтаи хизматрасониест, ки  мувофиқи меъёрҳои нав ва дар заминаи таъмини шароитҳои  комилан қулай барои мизоҷон оро дода шуд. Толори нав ба ғайр аз масоҳати васеъ, инчунин бо тарҳи замонавӣ ва истифодаи масолеҳи табиӣ фарқият дорад.  

26 Декабря 2019

Дар мактабҳои шаҳри Душанбе силсилаи семинарҳо дар доираи лоиҳаи  «Кӯдакии бехавф», бо ташаббуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  баргузор гардид. Дар машғулиятҳо омӯзгорон ва волидайн дар бораи таъмини бехатарии кӯдакон бо ёрии хизматрасониҳои муосири рақамӣ маълумот гирифтанд. Тӯли як моҳ дар семинарҳо   зиёда аз 400 нафар иштирок доштанд. Қисми бештари онҳо дар бораи манфиати ин гуна вохӯриҳо  қайд намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ақидаҳои мусбати худро дар бораи  лоиҳаи оператор  баён намуданд, ки бо ин роҳ сафи ҳавасмандон афзун гардид.  Акнун ташкилкунандагон  тасмим гирифтаанд, ки  чунин семинарҳои омӯзиширо берун аз пойтахт дар ноҳияҳо низ баргузор намоянд.  

25 Декабря 2019

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» фурӯши Wi-Fi-роутерҳоро бо дастрасии технологияи 4G ва бастаи интернетии дорои трафики бемаҳдуд оғоз менамояд.  Иқдоми «МегаФон 4G Wi-Fi-роутер» аз 25 декабр шурӯъ гардида, барои дастрасии тамоми оила ё коллективи ташкилоти начандон калон  ба Шабакаи умумиҷаҳонӣ  имконият медиҳад.    

25 Декабря 2019

Овозхон Чоршанбе АЛОВАТОВ ғолиби гранд-финали шоу-барномаи телевизионии «Central Asia’s Got talent», ки бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» гузаронида шуд, эълон гардид.  Чоршанбе ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тенгеи қазоқӣ ё 260 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Ғайр аз ин, иштирокчии беҳтарин аз ҳар кишвар муайян карда шуда, чунин унвони фахрӣ ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 60 ҳазор сомонӣ (3 млн. тенге) насиби дастаи рақсии  «Падида» гардид.

19 Декабря 2019

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷоизаи тиллоиро таҳти унвони «Қуллаи шараф» дар озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» ба даст овард. Оператори имкониятҳои нави рақамӣ бори сеюм аст, ки ба теъдоди ғолибони ин озмун шомил мешавад.    

18 Декабря 2019

Истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ аз соати 00:00 то 06:59 метавонанд бе маҳдудияти трафик ва бо суръатҳои баландтарин вориди Шабака гардида, инчунин трафикро тариқи Wi-Fi тақсим намоянд. Чунинанд шартҳои бастаи “МегаФон Тоҷикистон” дар тарофаҳои “Фаъол бош”, “Бубин” ва “Бемаҳдуд” аз силсилаи тарофаҳои “Биё!”.

18 Декабря 2019

22 декабр дар пойтахти Қазоқистон гранд-финали лоиҳаи “Central Asia’s Got talent” баргузор мешавад. Кишвари моро дар ин шоуи бузурги байналмилалӣ ансамбли рақсии “Падида”, вокалист Чоршанбе Аловатов ва ....................... муаррифӣ менамоянд. Пеш аз сафар шарики генералии лоиҳа – “МегаФон Тоҷикистон” ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоиро ба “Академияи МегаФон” даъват намуда, сертификатҳоро барои гирифтани рақамҳои “нуқрагин” аз зарфияти сифрӣ тақдим намуд.  

17 Декабря 2019

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунанд, имкон пайдо менамоянд, ки бо ёрии хизматгузории “Сбербанк Онлайн” ё терминалҳои Сбербанк ба ҳисоби телефони худ маблағ гузаронанд. Хизматгузорӣ дар ҳамаи минтақаҳои ФР дастрас аст.

17 Декабря 2019

Пешопеши Соли нав муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” метавонанд бастаи махсусро бо ҳаҷмҳои ҳармоҳаи 2020 Мб трафики интернет, 2020 дақиқа дар дохили шабака ва ҳамин миқдор SMS-ҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оваранд. Арзиши баста – 399 сомони, муҳлати амал – 12 моҳ. Пайвасткунии он то 31 декабри соли 2019 ҳам ба рақами худ ва ҳам ба рақами шахси наздик ба сифати туҳфаи солинавӣ имконпазир аст.

12 Декабря 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сокинони пойтахтро ба намоишгоҳи рассомони наврасу ҷавон, ки санаи 15 декабр бахшида ба солгарди студияи “Art Doshan Studio” баргузор мешавад, таклиф менамояд. Даромад ба намоишгоҳ – рой    гон.  

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?