Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Вазифа ва дурнамои ширкат
  • Реквизитҳо
  • Шартҳои хизматрасонӣ
  • Иҷозатномаҳо
  • Қабули шаҳрвандон

Вазифа ва дурнамои ширкат

Рисолати Ширкат: Имкониятҳоро пайваст менамоем.

Дурнамои Ширкат – “Олами рақамиро инкишоф медиҳем” (Driving Digital World).

Нуқтаи назари Ширкат: Интихоби № 1 ва шарики беҳтарин барои ҳаёт.

Арзишҳои Ширкат: 

  • Чунин амал мекунем, то бо натиҷа ифтихор намоем – Мо ба мақсадҳои стратегӣ ноил мешавем, аз бепарвоӣ канорагирӣ мекунем ва барои натиҷа масъулиятро ба зимма мегирем. 

  • Таҷрибаи беҳтарини кор бо мизоҷонро ташкил мекунем – Мо баҳри ба мизоҷон пешниҳод кардани хизматрасонии беҳтарин дар дилхоҳ нуқтаи ҳамкорӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем.
  • Ҳамчун як команда амал мекунем – Мо дар саъю кӯшишҳои худ ҷиҳати барои мизоҷон, кормандон ва саҳомон ширкати дӯстдошта будан якдилиро пеша мекунем. 

  • Ҳаррӯза такмил меёбем – Мо дар дилхоҳ вазъиятҳо имкониятҳои нав пайдо мекунем, ба тағйирот зуд эътино мекунем ва қарорҳои ҷиддӣ қабул мекунем.

Мақсади асосии ширкат: Мусоидат ба афзоиши даромад аз ҳисоби мизоҷ дар давоми тамоми муддати ҳамкории ӯ бо “МегаФон” тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои беҳтарин, муфид ва тамоми ҷанбаҳои ҳаётро дарбаргиранда.  

Мо ба он назарем, ки барои васеъкунии бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон дасткашӣ аз рақобати нархӣ зарур меояд. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то мизоҷони мо ҳамеша аз хизматрасониҳои мо қаноатманд бошанд, арзиши маҳсулоти моро дарк намоянд ва ҳарчи бештар дар шабакаи “МегаФон” боқӣ монда, ҳаҷмҳои ҳарчи бештари хизматрасониҳоро истифода баранд. 

Ҷузъҳои муҳимтарини дурнамои Ширкат: 

1. Дар маркази диққат – Мизоҷони рақамӣ.

Мизоҷони рақамӣ смартфонро интихоб намуда, таҳвили мобилии маълумотро фаъолона истифода мебаранд. Онҳо замимаҳои дастгоҳи худро ба кор мебаранд, дар паёмрасонҳо муошират мекунанд, телефонро ҳамчун ҳамён ва миқдори зиёди трафики интернетро ҳармоҳа истифода менамоянд. 

2. Маҳсулот

Мо чунин маҳсулотеро ҷорӣ мекунем, ки барои Мизоҷони рақамӣ арзиши назаррас дошта бошанд. Барои мо миқдори пайвасткуниҳо аҳамияти аввалиндараҷа надорад, мо Мизоҷони худро на бо пасткунии нархҳо, балки бо пешниҳоди хизматрасониҳои нисбатан босифат ва муфид ҷалб менамоем.

3. Маълумоти бузург

Бо ёрии таҳлили маълумоти бузург мо барои беҳтар дарк кардани хоҳишҳои ҳар як Мизоҷи мушаххас имкон пайдо мекунем. Бо ҳамин восита мо метавонем ба ӯ хизматрасониҳои заруриро пешниҳод намоем. Мо маълумоти кушодаро оид ба арзишҳо, талабот ва рафтори Мизоҷон аз манбаъҳои мухталиф ҷамъоварӣ мекунем. Бо таҳлили маълумоти мазкур мо барои Мизоҷони наву амалкунанда маҳсулоти беҳтарин омода менамоем.

4. Шабакаи фурӯшҳо ва хизматрасонӣ

Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то дастрасии беҳтаринро ба Мизоҷони рақамии сердаромад бо хароҷоти камтарин таъмин созем. Мо хизматрасониҳоро дар толорҳои хусусию фирмавӣ ва онлайн-шабакаҳои худ пешбарӣ хоҳем кард. Мо ҳаматарафа ҳаракат мекунем, ки базаи мизоҷони сердаромадро бо усулҳои рақобати ғайринархӣ васеъ намоем. Масалан, ҳангоми кор бо дилерон мо нишондиҳандаи contribution margin-ро ба кор мебарем – он на танҳо фоида аз ҳисоби пайвасткуниҳо, балки инчунин аз ҳисоби хизматрасониҳои иловагиро, ки Мизоҷ дар давоми моҳ истифода мебарад, ба ҳисоб мегирад. Ин шарикони моро на ба пайвасткуниҳои сершумори умумӣ, балки ба пайвасткунии Мизоҷони “босифат” ҳавасманд мекунад.

5. ТИК ва IoT

Мо дар сегменти корпоративӣ заминаи устувор ташкил карда, ҳам дар тиҷорати мобилӣ ва ҳам дар тиҷорати собит ба таври бесобиқа рушд ёфта истодаем. Ба бозор баровардани пешниҳодҳои арзишманди маҷмӯӣ ва амалигардонии лоиҳаҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз рушди минбаъда дар сегменти корпоративӣ шаҳодат хоҳанд дод. Бо муҳайё кардани экосистемаи ҳамкориҳо мо ба Мизоҷони корпоративии худ имкониятҳои зарурии маҷмӯиро пешниҳод хоҳем кард.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред