Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Интернети бемаҳдуд
  • Бастаҳои интернетӣ
  • Интернет хизматрасониҳо
  • Интернети 4G
  • Интернети 5G
  • Green Wi-Fi

Интернет дар ҳама ҳолат

Хизматрасонии “Интернет дар ҳама ҳолат” – маҷмӯи СИМ-кортҳо, ки имкон медиҳад 1 рақамро бо ҳисоби шахсии ягона ва маҷмӯи хизматрасониҳои пайвасткардашуда, опсияҳои нархномавӣ ва бастаҳо якҷоя дар якчанд СИМ-корт истифода намоӣ.

Дар доираи хизматрасонӣ СИМ-корти асосӣ бо рақами муштарӣ ва СИМ-корти иловагӣ ҷудо карда шудааст.

Миқдори зиёдтарини дастраснокии СИМ-корт дар маҷмӯъ – 4 СИМ-корт, ки аз онҳо 1 СИМ-корт асосӣ ба шумор рафта 3 СИМ-корти дигар – иловагӣ.

СИМ-корти асосӣ: барои истифодаи комилан ҳамаи хизматрасониҳо/хизматгузориҳо/бастаҳо ва опсияҳои нархномавӣ пешбинӣ шудааст.

СИМ-кортҳои иловагӣ: танҳо барои истифодаи Интернет пешбинӣ шудаанд.

Илова кардани 1 адад СИМ-корти иловагӣ ройгон аст!

Пардохти моҳонаи абонентии хизматрасонии “Интернет дар ҳама ҳолат” барои ҳамаи маҷмӯи СИМ-кортҳо 3 сомониро ташкил медиҳад.

(Ҳамаи нархҳо бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ нишон дода шудаанд)

Шумо метавонед дар Толорҳои хусусии МегаФон хизматрасонии “Интернет дар ҳама ҳолат”-ро пайваст намоед.

  • Муҳлати амали хизматрасонии “Интернет барои ҳар ҳолат” ба як моҳи тақвимӣ баробар аст, яъне пардохти абонентӣ ҳар санаи 1-уми моҳи ҳисоботӣ гирифта мешавад. 

  • Хизматрасонӣ барои тарофаҳои корпоративӣ дастнорас аст. 

  • Хизматрасонии “Таҳвили маълумоти GPRS” дар SIM-кортҳои иловагӣ ва SIM-корти асосӣ ҳамзамон фаъол буда метавонад. 
  • Ҳангоми гумшавии SIM-корти иловагӣ соҳиби SIM-корти асосӣ бояд бо шиноснома ба толори хусусии алоқаи МегаФон муроҷиат намояд. Барои дастраскунии SIM-корти нави иловагӣ аз рақами асосӣ маблағ дар ҳаҷми 10 сомонӣ (бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ) гирифта мешавад. 

  • Пайвасткунии хизматрасонӣ бо бастаҳои интернетии силсилаи: “Unlim new”, “Тамошо new”, “М new” дастрас аст. Дар доираи бастаи силсилаи “Тамошо new” ҳангоми дар SIM-кортҳои илолвагӣ истифода намудани сервисҳои Youtube ва Белимити шабона трафик аз ҳисоби ҳаҷми асосӣ ё мувофиқи нархгузории асосии бастаи "Тамошо new” сарф карда мешавад.  

  • Хизматрасонӣ дар тарофаи “Биё! 2020” дастрас аст. Ҳангоми дар SIM-кортҳои иловагӣ истифода намудани Viber, WhatsApp, Facebook messenger, Facebook, Odnoklassniki, Vkontakte, Instagram, Twitter трафик аз ҳисоби бастаи асосии интернетии тарофаи Биё ё мувофиқи нархгузории асосӣ дар доираи тарофаи “Биё! 2020” сарф карда мешавад.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред