Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд

21 Февраля 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” корбурди қисми якуми шабакаи алоқаи насли панҷумро оғоз намуд. Суръатҳои ниҳоят баланди интернети мобилӣ ба мизоҷони оператор дар маркази шаҳри Душанбе – дар ҳудуди майдони Исмоили Сомонӣ дастрас гардиданд.

Алоқаи 5G аз технологияҳои наслҳои пешина бо суръатҳои “гигабитӣ” ва қобилияти нисбатан васеи гузариш фарқ мекунанд. Он на танҳо дар назди истифодабарандагони оддӣ олами имкониятҳои навро боз мекунад, балки инчунин имконияти инкишофи интернети молҳо (англ. IoT - internet of things)-ро фароҳам меорад, байни ҳазорҳо дастгоҳҳои мухталиф – аз банкоматҳо ва ҳисобкунанҳои ХМК то модулҳои идоракунии нақлиёти бепилот табодули автоматиро ташкил менамояд.

“Роҳандозии қисми якуми шабакаи инноватсионии 5G – бешубҳа, барои соҳаи телекоммуникатсионии ҷумҳурии мо рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад. Боиси фараҳмандист, ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои аввалине қарор дорад, ки стандарти нави алоқаро ҷорӣ намудаанд. Ин технологияи оянда буда, дар самти бунёди иқтисоди рақамӣ асоси хеле мустаҳкам хоҳад шуд”, - қайд намуд Бег Сабур, Сардори хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Соли гузашта ширкати Ookla МегаФонро бо унвони шабакаи босуръаттарини Тоҷикистон сарфароз намуд. Ва ҳамагӣ пас аз якчанд моҳ мо ба чунин суръатҳои интернети мобилӣ расидем, ки дар як сония бо гигабайтҳо андоза карда мешаванд. Албатта, қисми якуми шабакаи 5G – танҳо оғози кор аст. Лекин аллакай аз худи ҳозир метавон фаъолияти технологияи аз ҳама муосирро баҳогузорӣ намуда, имкони инкишофи онро пешбинӣ намуд. Мутмаинам, ки хизматрасониҳо дар базаи 5G ҳам барои мизоҷони тиҷоратӣ, ҳам барои муассисаҳои давлатие, ки метавонанд дар соҳаи ТИ, интернети саноатии молҳо лоиҳаҳои бузургмиқёсро амалӣ намоянд – масалан, онлайн-назорати босамарро аз болои нақлиёти ҷамъиятӣ ё соҳаи ХМК ба роҳ монанд, хеле мувофиқ хоҳад буд, – изҳор дошт Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Ҳудуди амали қисми якуми шабака ҳудуди майдони И.Сомониро дар пойтахти Тоҷикистон фаро мегирад. Барои истифодаи суръатҳои ниҳоят баланди интернети мобилӣ дастгоҳ дастгирикунандаи технологияи 5G зарур меояд. Дар қатори чунин намуди дастгоҳҳо – смартфонҳои Huawei Mate Flex, Nokia 10, Samsung Galaxy S20/S20+/S20 Ultra, Xiaomi Mi Mix 3 ва ғ. қарор доранд. Айни замон истифодаи шабакаи 5G барои муштариёни оператори аввалини имкониятҳои нави рақамӣ ройгон мебошад.

5G____MegaFon____news2___1280х932.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред