Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • ВАО вилояти Суғд хизматрасонии мизоҷони МегаФон Тоҷикистонро баҳогузорӣ намуданд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

ВАО вилояти Суғд хизматрасонии мизоҷони МегаФон Тоҷикистонро баҳогузорӣ намуданд

9 Декабря 2019

МегаФон Тоҷикистон кормандони ВАО вилояти Суғдро ба идораи хизматрасонии шаҳри Конибодом даъват карда, имкониятҳои рақамиро барои мизоҷон манзур ва дар бораи афзалиятҳои хизматрасонии мизоҷони худ нақл кард.      

 

Конибодом – шаҳрест, ки дар он истифодаи интернети мобилӣ бо суръати баланд меафзояд. Дар ҷавоб ба дархостҳои мизоҷон, МегаФон Тоҷикистон дар шаҳр истгоҳҳои базавии стандарти 4G-ро ба кор даровардааст, ки бо ин роҳ суръати таҳвили маълумоти мобилӣ тадриҷан баланд гардид.    Акнун муштариён метавонанд дар таҷҳизоти худ видеоро тариқи онлайн бо сифати баланд тамошо кунанд, дар якчанд сония дилхоҳ сомонаро бикушоянд, то даҳ маротиба зудтар нисбат ба шабакаи 3G филмҳо ва мусиқиро боргирӣ намоянд.  

 

Таассуроти худро сокини шаҳри Конибодом, яке аз мизоҷони толори хизматрасонӣ, Офиятхон ҶАМОЛОВА ба таври зерин баён намуд: “Зиёда аз шаш сол аст, ки ман аз алоқаи мобилӣ истифода мебарам. Интернети босуръат имконият медиҳад, ки ман қариб ҳар рӯз бо фарзандону наберагонам, ки дар Хитой ва Россия зиндагонӣ мекунанд, муошират намоям. Хеле хушҳолам, ки на танҳо овозашонро мешунавам, балки чеҳраҳояшонро низ мебинам!”

 

Дар бораи хизматрасониҳои маъруфи рақамӣ ба меҳмонон аз ВАО менеҷери шуъбаи фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Сӯҳроб ҚОСИМОВ маълумот додааст.   Махсусан, ӯ силсилаи тарофаи «Биё!»-ро бо муоширати бемаҳдуд тавассути паёмрасонҳо ва замимаи «MegaFon Life», аз ҷумла бо хизматрасонии «Ҳамён» барои пардохти ғайринақдӣ, манзур намуд.

 

Сӯҳбат дар бораи хизматрасонӣ ба мизоҷон низ хело ҷолиб гузашт.   Кормандони ВАО дар бораи инкишофи фурӯши хусусии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», омӯзонидани мутахассисоне, ки барои ҳалли масоили мураккаби муштариён ва расонидани ёрии тахассусӣ ҷиҳати танзимоти гаҷетҳои сершумор омода ҳастанд, маълумот пайдо намуданд. Ин гуна машваратҳо махсусан ба ҳамон сокинони кишвар, ки нав интернети мобилӣ ва хизматгузориҳои инноватсионии рақамиро аз бар намуда истодаанд, ниҳоят муҳиманд.

 

«Имрӯз шабакаҳои худхизматрасонӣ, ба монанди «Ҳуҷраи шахсӣ»-и муштарӣ ё замимаҳои мобилӣ бо пайвасткунии мустақилонаи хизматрасониҳои лозимӣ, бовусъат рушд ёфта истодаанд. Бо ҳамин сабаб бештари ширкатҳои телекоммуникатсионӣ аз кушодани толорҳои нав даст кашида, теъдоди онҳоро ихтисор менамоянд. Вале, мо андешаи дигар дорем. Барои мо суҳбати бевосита бо мизоҷон сарчашмаи бебаҳои маълумот оид ба афзалият ва мушкилоти онҳо маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, мо доираи фурӯши хусусии худро васеъ намуда, барои таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ кӯшиш менамоем. Толор дар Конибодом – намунаи беҳтарини макон барои ташрифи мизоҷон мебошад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки муштариён аз хизматрасонии толорҳо қаноатманд гардида, ширкати моро ба хешовандону наздикони худ тавсия диҳанд. Мо на танҳо хизматрасонӣ, балки табъи хушу болидаро пешниҳод менамоем! » – иброз намуд Далер НАИМОВ, директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд.

 IMG_3001.jpg

 IMG_3002.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред