Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Толорҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қабули пардохтҳои хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва хизматрасониҳои дигарро бе комиссия оғоз менамоянд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Толорҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қабули пардохтҳои хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва хизматрасониҳои дигарро бе комиссия оғоз менамоянд

17 Февраля 2020

МегаФон Тоҷикистон феҳристи хизматрасониҳоеро, ки дар марказҳои хизматрасонии муштариён дастрасанд, васеъ менамояд. Махсусан, дар он ҷо пардохти маблағ аз рӯи расид барои истифодаи об ва қувваи барқ, ворид намудани маблағ барои адои қарз, пардохти маблағи интернети хонагӣ ва телефония, ҳисоби депозитӣ, пур кардани тавозуни муштариёни дигар операторони алоқа имконпазир мегарданд. Маблағҳои пардохт бе комиссия дар дилхоҳ идораи МегаФон қабул карда мешаванд.


МегаФон Тоҷикистон дорои яке аз шабакаҳои калонтарини фурӯши чакана дар ҷумҳурӣ мебошад. Идораҳои хизматрасонии муштариён дар ҳамаи ноҳияҳо фаъолият дошта, дар ҷойҳои қулайтарин барои ташрифоварӣ, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои калони савдо ва дар назди биноҳои маъмурии шаҳру шаҳракҳо мавқеъ ёфтаанд. Ин дар навбати худ, имкониятҳои сокинони кишварро барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва ҳисобномаҳои дигар васеътар мегардонад.


«Дар баробари ташкили шабакаи фурӯши чаканаи худӣ, мо аввал дар бораи қулай гардидани машваратгирӣ ва пур кардани ҳисоби мобилии муштариён фикр кардем. Вале баъдан, бо васеъкунии имкониятҳои мизоҷони худ, мо ба андешае омадем, ки барои онҳо дигар намудҳои хизматрасониҳоро низ пешниҳод намоем. Заминаҳои рақамии муосир ба мо барои қабули пардохтҳои ширкату корхонаҳои гуногун имконият фароҳам меоранд. Яъне, минбаъд барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои гуногун танҳо ба як макон рафтан кифоя аст. Ҳамин тариқ, мизоҷони идораҳои мо ҳам вақт ва ҳам воситаҳои пулии худро сарфа менамоянд, зеро харҷи иловагии роҳкиро лозим намешавад. Рӯзҳои наздик сокинони кишвар сатҳи муфид ва қулай будани хизматрасониҳоро арзёбӣ менамоянд», – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

ЖКХ____МегаФон_____ГОРИЗОНТАЛЬНЫЙ____.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред