Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Суғуртакунии автомобил бо ёрии «Life»

26 Февраля 2024

Акнун   тариқи Ҳамён”-и замимаи мобилии MeгаФон  Life зуд ва осон автомобилро суғурта карда метавонед. Имконияти нав, ки ҳоло танҳо ба шахсони воқеӣ дастрас аст, дар қисми "Хизматрасониҳо" ҷойгир мебошад.       

Ба истифодабарандагони замимаи “MeгаФон Life” се намуди хизматрасонӣ дастрас аст. Дар ҳолати якум  танҳо ҷавобгарии шаҳрвандии   соҳиби автомобил  ё ронандагоне, ки тариқи  ваколатнома ё дигар асосҳои қонуни рондани мошин ба онҳо  иҷозат дода шудааст, суғурта карда мешавад.  Агар онҳо дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ зарари молу мулкӣ ё ҷисмонӣ расонида бошанд, пас ширкати суғуртавӣ ба ҷабрдидагон ҷубронпулӣ пардохт мекунад.  Варианти дуюм - «КАСКО ҳангоми ҲРН». Дар ин ҷо тибқи шартҳо хавфи зарарёбии автомобил  ё қисмҳои алоҳидаи он ҳангоми ҳаракат суғурта карда мешавад. Намуди   сеюми хизматрасонӣ  ҷавобгарии  шаҳрвандӣ ва “КАСКО ҳангоми ҲРН”-ро дар бар мегирад.  

Хизматрасонии мобилии “Суғурта”  барои истифодабарандагони замима қулай ва муфид аст. Он пардохти ҳаққи таъмири мошин дар сурати рух додани ҳодисаи суғуртавӣ, муҳофизатро аз хароҷоти молиявӣ дар ҳолате, ки соҳиби автомобил гунаҳкор аст ва бояд зарари расонидашударо ҷуброн намояд, кафолат медиҳад. Полиси суғуртавӣ дар замима дар шакли электронӣ дастрас мебошад. Суғуртакунӣ тавассути «МегаФон Life» осон буда,  таносуби нархи хизматрасонӣ ва ҳаҷми  муҳофизати    суғуртавӣ барои бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб аст.

Хизматрасонии  нав барои ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт дастрас аст, зеро ҳамагон метавонанд “MeгаФон Life”-ро боргирӣ намуда, аз функсияҳои он истифода баранд. МегаФон Тоҷикистон мунтазам теъдоди шарикони замимаро афзоиш медиҳад ва акнун хизматрасонии суғуртаи автомобил низ ҳамеша  зери дасти шумо  хоҳад буд.   

Аз истифодабарандагони замимаи “MeгаФон Life” ҳангоми харидани полиси “КАСКО” комиссия гирифта намешавад. Шарики хизматрасонӣ ташкилоти суғуртавии  «Бима» мебошад.  

1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред