Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Суғд ҳамроҳ гардида, муошират дорад

17 Октября 2023

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ 3 тарофаи беҳтаринро дар вилояти Суғд номбар намуд. Инак, ин бастаҳо кадомҳоянд ва барои чӣ муштариён онҳоро интихоб мекунанд?

Ҷойи сеюмро дар рейтинги хостаҳои суғдиён тарофаи “БоОсонӣ+” ишғол кардааст – дар минтақа онро 14% муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” интихоб кардаанд. Он бо таносуби нарх ва хизматрасониҳо диққатро ҷалб мекунад. Бо нархи 65 сомонӣ дар як моҳ ба истифодабаранда 50 дақиқаи зангҳо ба шабакаҳои дигари ҶТ, 25 Гб трафики интернет дастрас мегарданд. Даъватҳо дар дохили шабака ва паёмрасонҳои “Viber”, “WhatsApp”, “МегаФон Life”, “IMO” бемаҳдуданд.

Дар ҷои дуюм бо ҳиссаи 20% тарофаи “МегаФон 100” аз силсилаи “Аз ту оғоз мегардад” қарор дорад. Ба баста 20 Гб трафики интернет ва маҷмӯи васеътари опсияҳои бемаҳдуд, аз ҷумла паёмрасонҳои “Viber”, “WhatsApp”, “МегаФон Life”, “IMO”, “Telegram”, “Facebook messenger”, шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Odnoklassniki”, “Vkontakte”, “Instagram”, “Twitter”, даъватҳои овозӣ дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дохил карда шудаанд. Нархи тарофа – 100 сомонӣ дар як моҳ.

Дар ҷои аввал тарофаи “Биё Суғд! Фаъол бош” қарор гирифтааст, ки онро зиёда аз 45% муштариёни минтақа интихоб кардаанд. Дар баробари дастрасии ройгон ба шабакаҳои иҷтимою паёмрасонҳои маъруф ва зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака бастаи хизматрасониҳо 100 дақиқаро барои зангҳо ба шабакаҳои дигар ва 5 Гб трафики интернетро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин, нархи тарофаи пешсаф – ҳамагӣ 65 сомонӣ дар як моҳ. Ба суғдиён инчунин писанд аст, ки тарофаи мазкур маҳз барои онҳо ташкил карда шудааст ва пайвасткунии он танҳо дар вилояти Суғж дастрас аст. 

Бисёри муштариён ба тарофаҳои худ хизматрасониҳою опсияҳои иловагиро дохил мекунанд. Байни онҳо 3 хизматрасонии маъмул инҳоянд: 23% муштариён фаъолона опсияи “Шабакаҳои иҷтимоӣ”-ро пайваст мекунанд, он дар сафи аввал қарор дорад. Дар ҷои дуюм “YouTube” қарор дорад, ки он дар байни 20% муштариён маъруф аст. Ҷои сеюмро опсияи “TikTok” бо фарогирии 19% муштариён ва бастаи интернетии “Light 3” бо 19%-и дигари мизоҷон соҳиб шудаанд. 

“Хеле хуб, ки суғдиён тарофаҳои дӯстдошта доранд – ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо талаботи муштариёни худро дуруст муайян менамоем. Лекин ба ғайр аз нарху маҷмӯи хизматрасониҳо мизоҷони мо ба сифати алоқа низ диққат медиҳанд. Бо интихоби “МегаФон Тоҷикистон” сокинони Суғд садои комилан тозаи VoLTE ва интернети баландсуръатро ба даст меоранд. Иловаи беҳтарин ба дилхоҳ тарофа!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.

1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред