Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Pre-5G-ро дар Тоҷикистон пешвоз гиред!

2 Ноября 2023

Ба сокинони ҷумҳурӣ интернети мобилӣ бо суръати 10 маротиба баландтар аз имкониятҳои шабакаи насли чорум дастрас мегардад. Аз оғози соли 2023 технологияи нави Pre-5G дар зиёда аз 40% пойгоҳҳои базавии 4G/LTE ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор дароварда шуд.

Хусусияти таҷҳизоти Pre-5G дар он аст, ки ҳангоми фаъол будани он ҳамзамон дар якчанд басомад метавон кор кард. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми маълумоти таҳвилёбанда то дараҷаи назаррас зиёд карда шавад. Ба шарофати имкони интиқоли сершабакавии трафик ба ҳар як муштарӣ манбаъҳои бештар дастрас шуда, суръати интернети мобилӣ метавонад садҳо мегабитро дар як сония ташкил диҳад. Инро аллакай метавон бо имкониятҳои шабакаи насли панҷум баробар кард, бо ҳамин сабаб технологияи мазкур номи Pre-5G-ро гирифт. 

Суръатбахшии интернет дар натиҷаи модернизатсияи бомиқёси инфрасохтори “МегаФон Тоҷикистон” имконпазир гардид. Мутахассисони техникии Ширкат таҷҳизоти иловагӣ насб карда, инчунин таъминоти барномавии пойгоҳҳои базавии 4G-ро нав мекунанд. Дар навбати худ, технологияи нав дар минтақаҳои аз ҳама сераҳолии кишвар, шаҳрҳои бузург ва марказҳои ноҳиявӣ роҳандозӣ карда мешавад. Аллакай ҳозир фарогирии Pre-5G 40%-ро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки суръати баланди интернети мобилӣ қариб дар нисфи ҳудуде, ки дар он алоқаи 4G ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мавҷуд мебошад, дастрас аст. Дар оянда технологияи мазкур тамоми шабакаи операторро фаро хоҳад гирифт.

Технологияи Pre-5G дар бисёри смартфонҳои дар Тоҷикистон фурӯхташаванда дастрас аст. Муайянсозии мутобиқати дастгоҳи мобилӣ бо шабакаи Pre-5G тариқи шиносоӣ бо тавсифи хусусиятҳои смартфон имконпазир аст. Дар рӯйхати стандартҳои дастраси алоқа бояд яке аз номҳои технология: Pre-5G, LTE-Advanced, LTE-A ё 4G+ мавҷуд бошад. Барои фаъолкунии интернети баландсуръат кофист, ки дар танзимот тугмаро бо варианти Pre-5G фаъол намоед. Пас аз ин аломати зарурӣ дар экран ба ҷои аломати 4G пайдо мешавад.

“Ҳаракати мо сӯи такомули техникӣ аз хоҳиши мо ҷиҳати таъминсозии муштариён бо сифати беҳтарини алоқа асос мегирад. Бо роҳандозии Pre-5G мо дар соҳаи интернети босуръати мобилӣ инқилоби навбатиро ба амал меорем, яъне мо ба орзуҳои мизоҷони худ берун аз интизориҳояшон, то ҳадди имкон беҳтар ҷомаи амал мепӯшонем”, - мегӯяд директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ. 

1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред