Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Молҳо, хизматрасониҳо: Суғд ба ҳисоббаробаркунии онлайн мегузарад
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Молҳо, хизматрасониҳо: Суғд ба ҳисоббаробаркунии онлайн мегузарад

17 Августа 2023

Беш аз 220 ҳазор нафар сокинони вилояти Суғд аллакай аз замимаи мобилии «МегаФон Life» истифода мебаранд. Функсионали он барои зуд ва қулай пардохт кардани маблағи харидҳо, маблағи тарабхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ имконият медихад. Биёед маълум кунем, ки чӣ гуна пардохтҳои ғайринақдӣ дар «МегаФон Life» анҷом дода мешаванд ва дар кадом ҳолатҳои зиндагӣ ҳамёни мобилӣ лозим меояд.                    

Пардохт тавассути   QR

Қаблан ҳар як бонк   QR-рамзи худро дошт ва барои харид замимаҳои гуногунро истифода бурдан лозим буд. Акнун бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон QR-рамзи ягона ҷорӣ мешавад, ки дар саросари кишвар ва дар беш аз 190 нуқта дар вилояти Суғд амал мекунад.    

Барои пардохтҳои ғайринақдӣ ҳоло як замима кифоя аст. Чунончи,   бо ёрии   «МегаФон Life » танҳо дар шаҳри Хуҷанд метавонед маблағи харидҳоро дар марказҳои савдои «Амид», «Анис», «Муҳайё» ва «Авранг», мағозаи либоси «Lc Waikiki», тарабхонаҳои «Белый дом», «Висол» ва «Умари Хайём», марказхои таълимии «Аркон» ва «Донишчу», нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Суғднефт» ва «Газпромнефт» пардохт намоед.

Чӣ тавр аз ин имконият истифода бурда мешавад? Дар «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life» сатри «QR пардохт" -ро интихоб кунед. Рамзро скан намуда, маблағи харидро ворид кунед ва пардохтро анҷом диҳед. Комиссия дар ин ҳолат 0% аст.    

Рамзҳои QR аз он ҷиҳат низ хубанд, ки   ба истифодабарандагони замимаи «МегаФон Life» холҳои бонусӣ меоранд. Онҳоро ба дақиқаҳо, SMS ё мегабайтҳои трафики интернет иваз кардан мумкин аст.  

«Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ - як роҳи муосири назорати хароҷот маҳсуб меёбад, зеро пардохт барои корбарон зуд, қулай ва бехатар сурат мегирад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем, ки функсионали замимаи   «МегаФон Life»-ро то ҳадди имкон васеъ намоем. Боварӣ дорам, ки муштариёни вилояти Суғд, ки муштариёни рақамӣ ва пешрафтатарин дар кишвар ҳастанд, ин функсияҳои навро дурст арзёбӣ мекунанд», – иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.       

Рӯйхати пурраи муассисаҳо ва нуқтаҳои савдо, ки дар онҳо маблағҳоро тариқи замимаи «МегаФон Life» пардохт карда метавонем,   ин ҷост. Боргирӣ ва ба кор даровардани замимаи «МегаФон Life» барои дастгоҳҳои дорои СА Android бо суроғаи: https://life.tj/megafon-life.apk ё дар сомонаи www.life.tj    имконпазир аст. 

Таблица_тадж.язык.jpg

1.jpg


































© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред