Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон ва Fly.tj тарзи наву қулайи дастраснамоии чиптаҳои ҳавопайморо пешниҳод менамоянд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ва Fly.tj тарзи наву қулайи дастраснамоии чиптаҳои ҳавопайморо пешниҳод менамоянд

16 Января 2020

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» лоиҳаи муштаракро бо Fly.tj ба кор медарорад. Акнун чиптаҳои муфидро ба хатсайрҳо, ки тавассути системаи Fly.tj фармоиш дода шуданд, дар дилхоҳ толори алоқаи аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дастрас кардан мумкин аст.   

 

Барои гирифтани чиптаи ҳавопаймо бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машваратчии МегаФон муроҷиат намудан лозим меояд. Маълумот оид ба мусофир дар Fly.tj дар реҷаи вақти воқеӣ аниқ гардида, баъд аз якчанд дақиқа мизоҷ чиптаи чопкардашударо ба даст меорад. Ғайр аз ин, машваратчӣ ба шахси ташрифовардаи толори алоқа оид ба қоидаҳои амалкунанда дар ширкати ҳавопаймоии интихобшуда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нишастан ба ҳавопаймо ёдрас менамояд.   

 

«Лоиҳаи муштараки мо тадриҷан рӯйхати ҷойҳоеро, ки истифодабарандаи Fly.tj чиптаҳои фармудашудаи ҳавопайморо гирифта метавонад, васеъ менамояд. Воқеан ҳам, акнун хизматрасонӣ на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дастрас аст, зеро толорҳои мо ҳатто дар ноҳияҳои начандон бузург низ пешниҳод мегарданд. Бояд қайд намуд, ки хизматрасонӣ комилан ройгон аст, мо ба чиптаҳо ягон болонархӣ илова наменамоем ва онҳо ҳамоно муфид дар кишвар боқӣ мемонанд», – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.  

 

«Интихоби МегаФон Тоҷикистон ба сифати шарики аввалин барои лоиҳаи осонкунандаи хариди чиптаҳо аз тарафи мизоҷони Fly.tj тасодуфӣ нест. Оператор дорои шабакаи васеи толорҳои чакана, инчунин алоқаи беҳтарини овозӣ ва интернети мобилӣ мебошад, ки ба наздикӣ босуръаттарин дар кишвар эътироф шудааст*.    Ин барои қабули фаврии маълумот дар бораи фармоишгари чипта хеле муҳим аст. Боварӣ дорам, ки шарики мо раванди дастраскунии чиптаҳои ҳавопайморо бениҳоят қулай менамояд», – шарҳ медиҳад Директори генералии Fly.tj Мухамадиев Дилшод.

 

 

*Аз рӯи маълумотҳои ширкати Ookla дар семоҳаи 2-3 соли 2019

 АВИА_БИЛЕТЫ___МегаФон___стикеры______ (2).jpg

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред