Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон ва “Алгоритмика” якҷоя барномасозонро омода менамоянд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ва “Алгоритмика” якҷоя барномасозонро омода менамоянд

2 Марта 2021

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати шарики мактаби байналмилалии риёзӣ ва барномасозии “Алгоритмика” барои кӯдакон баромад намуд. Оператори имкониятҳои нави рақамӣ мактабро бо интернети устувор таъмин намуда, инчунин чорабиниҳои муҳимми “Алгоритмика”-ро дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи аввалини муштарак квести солинавӣ бо номи “Бобои барфиро машғул намо” мебошад, ки дар Тоҷикистон санаи 25 декабр оғоз меёбад. 

“Алгоритмика” дар ҳоли имрӯз зиёда аз 200 мактабро дар зиёда аз 25 кишвари ҷаҳон дар бар гирифта, ба зиёда аз ҳазорҳо кӯдакон донишҳои дар асри XXI заруриро пешниҳод менамояд. Айни замон донишҳои IT дар соҳаҳои тиб, алоқа, сохтмон ва бисёр соҳаҳои дигар хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. “Алгоритмика” ба кӯдакон имкон медиҳад, ки тарзу воситаҳои тағйирёбии оламро аз ҷониби барномасозон бу дурустӣ бифаҳманд. 

“Имрӯзҳо барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа бо ҳам хеле зич вобаста мебошанд. Мо хеле хушҳолем, ки МегаФон Тоҷикистон – ширкати пешрафта дар соҳаи алоқа моро дастгирӣ намуда, барои хонандагони мактабҳо дар азхуднамоии барномасозӣ кӯмак мекунанд. Тавре устодони мактаби “Алгоритмика” мегӯянд: “Мо зидди вазифаҳо ба хотири вазифаҳо ва муқобили назария бе таҷриба ҳастем.” Хонандагони мо донишҳои гирифтаашонро дар лоиҳаҳои худ – аз пайдоиши идея то амалигардии он ба кор мебаранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо малакаҳои навро аз худ намоянд, балки инчунин дилхоҳ вазифаҳои дигар ё идеяро аз нуқтаи назари барномасозӣ баррасӣ кунанд”, - мегӯяд Менеҷер оид ба рушди мактаби “Алгоритмика” Мурод БОБОЕВ

“Олами муосир мунтазам ва бо суръати баланд ҳарчӣ бештар рақамӣ мешавад, ва ҳар қадаре зудтар кӯдакон ба соҳаи ТИ ва барномасозӣ ворид шаванд, ҳамон қадар роҳи онҳо дар ҷодаҳои сершумори касбӣ бомуваффақият хоҳад буд. Мо хеле мехоҳем ба кӯдакони тоҷик дар чунин оғози бобарор кӯмак кунем, бо ҳамин сабаб, мо бо омодагии пурра мактаби “Алгоритмика”-ро дастгирӣ намудем. Мутмаинем, ки имкониятҳои технологии ширкати мо ба хонандагони мактаб имкон медиҳанд, ки соҳаи илми барномасозиро зуд ва босифат аз худ намоянд”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Квести зимистонае, ки аз 25 то 31 декабр ҷараён хоҳад дошт, аввалин чорабинии муштараки шарикон хоҳад буд. Дар рафти бозии ҷолиб кӯдакон ба Бобои Барфӣ дар навкунии фабрикаи солинавии туҳфаҳо кӯмак карда, ба Бобои Барфӣ имкон медиҳанд, ки онро бо ёрии технологияҳои муосир “пур намояд”. Дар квест ҳатто кӯдаконе, ки таҷрибаи барномасозӣ надоранд, метавонанд иштирок кунанд – онҳо таҷрибаро бо ҳалли мисолҳою вазифаҳо аз риёзӣ ва барномасозӣ бардошта метавонанд. Иштирок комилан барои ҳама ройгон аст.

Дар квест кӯдакони ду категорияи синну сол: 8-11 ва 12-15-сола иштирок карда метавонанд. Теъдоди бозингарон дар ҳар як даста – аз се то шаш нафарро ташкил медиҳад. Бақайдгирӣ барои иштирок, гирифтани маълумоти муфассал дар бораи квест ва туҳфаҳо дар сомонаи https://happynewcode.algoritmika.org/ имконпазир аст.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред