Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон сокинони Спитаменро бо интернети 4G таъмин намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

МегаФон Тоҷикистон сокинони Спитаменро бо интернети 4G таъмин намуд

22 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G-ро дар ноҳияи Спитамен ба кор даровард. Ба Муштариёни оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ хизматрасонии интернети мобилӣ бо суръатҳои то 40-50 Мбит дар як сония дастрас шуд, ки ин аз суръатҳои муқаррарии шабакаи 3G 6-7 маротиба баландтар аст. Дар баробари ин, нархи интернети мобилӣ бетағйир боқӣ монд.

 

Суръатҳои 4G тамошои филмҳоро бо сифати аъло, боргирии файлҳои вазнин ва анҷомдиҳии дилхоҳ амалро дар интернет қулай мегардонанд. Масалан, агар боргирии филми пурраметраж бо андозаи 1,5 Гб дар шабакаи 3G тақрибан 1 соатро дар бар гирад, дар шабакаи 4G амали мазкурро метавон ҳамагӣ дар давоми 8-10 дақиқа анҷом дод. Бо баландшавии суръат нархи интернети мобилӣ тағйир наёфтааст: нархи 4G ба нархи 3G баробар аст. Масалан, тарофаи “Биё: Фаъол бош” дар як шабонарӯз 3,3 сомонӣ арзиш дошта, истифодаи он дар смартфонҳо хеле қулай аст.

 

“Бо корандозии пойгоҳҳои базавӣ дар Спитамен МегаФон Тоҷикистон марҳилаи муҳимми инкишофи шабакаи 4G-ро ба поён расонид – яъне хусусиятҳои ҳамаи шаҳрҳои вилояти Суғдро аз худ намуд. Мо интернети босуръаттарини мобилиро* аллакай на танҳо дар шаҳрҳо, балки инчунин дар ҷамоатҳои минтақа низ пешниҳод менамоем. Дар баробари ин, сифати хизматрасонӣ ҳам дар ҳудудҳои кушода, ҳам дар дохили биноҳо хеле хуб аст”, - изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

 

Барои истифода аз суръатҳои баландтарини интернет дастгоҳи мобилӣ бо дастгирии технологияи 4G зарур меояд. Харидории онҳо бо нархҳои дастрас дар идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имконпазир аст – дар онҳо интихоби васеи смартфонҳо ва роутерҳо, ки метавонанд интернетро якбора ба даҳ гаҷети мобилӣ “тақсим намоянд”, пешниҳод карда шудааст. Ин барои оилаи калон ё ҳайати кормандони ягон фирмаи хурд имконияти хеле мусоид ва қулай аст. Дар баробари ин, суръатҳои нисбатан баланд ҳатто дар дастгоҳҳо бе дастгирии шабакаи 4G таъмин карда мешаванд.

 

Маълумоти муфассалро дар бораи дастгоҳҳо ва иқдомҳои оператор метавон дар идораҳои хизматрасонӣ ё дар сомонаи www.shop.megafon.tj дастрас намуд.

 

*Мувофиқи маълумоти Ookla (истеҳсолкунандаи сервиси Speedtest), МегаФон Тоҷикистон мизоҷони худро бо интернети аз ҳама босуръат дар кишвар таъмин намуд. Тадқиқот ҳарсола дар тамоми олам гузаронида мешавад.

 4G в Спитамене.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?