Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон рӯзноманигоронро бо Соли нав табрик намуда, дар бораи интернети босуръаттарин шарҳ додааст
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон рӯзноманигоронро бо Соли нав табрик намуда, дар бораи интернети босуръаттарин шарҳ додааст

31 Декабря 2019

Дар «Академияи МегаФон» вохӯрии роҳбарони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо кормандони ВАО ва блогерҳои кишвар баргузор гардид. Ба меҳмонон дар бораи натиҷаҳои назарраси соли 2019 маълумот дода, маҳсулоти навин – бозии «МегаКвест»-ро иловаи воқеият манзур намуданд.

Директори иҷроияи ширкат Анатолий Изюмников ба саҳми рӯзноманигорон иттилои муҳимро расонд. Чуноне зикр гардид, Ookla, таҳиякунандаи замимаи машҳури мобилии SpeedTest, бори аввал Тоҷикистонро ба рейтинги худ шомил намуда, интернети мобилии МегаФонро босуръаттарин дар кишвар дар соли 2019[1] эътироф кардааст. Дар асл, Ookla санҷишҳоеро, ки аз тарафи дорандагони смартфонҳо мустақилона дар шабакаҳои ҳамаи операторон гузаронида шуданд, таҳлил менамояд. «Аз ҳама муҳим ва мароқовар он аст, ки ченкуниҳо дар ҷои дилхоҳ, аз ҷумла дар шаҳрҳо, деҳоти кӯҳистон ва шоҳроҳҳо анҷом дода шуданд ва чунин маълумот барои тасвири воқеии хизматрасониҳо имконият медиҳад», – қайд намуд Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили Ookla аз он шаҳодат медиҳанд, ки МегаФон Тоҷикистон афзалиятро аз рӯи ҳамаи талаботи асосӣ ба даст овард. Суръати миёнаи интернети мобилӣ ҳангоми гузаронидани маълумот ба смартфон 14,5 Мбит/с ва ҳангоми таҳвили маълумот аз дастгоҳ - зиёда аз 7 Мбит/с ташкил медиҳад. Ин нисбат ба дигар шабакаҳои ҷумҳурӣ якчанд маротиба зиёдтар аст.   Вақти миёнаи интизории даъват дар шабакаи МегаФон дар байни дигар операторон беҳтарин ҳисобида шуд.  

Директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафиль АГЛЯМОВ ба рӯзноманигорон ва блогерҳо дар бораи ба даст омадани чунин натиҷаҳо нақл кард. «Мо барои пешсафии технологии худ саъйю кӯшиши зиёд ба харҷ додем. Танҳо дар соли 2019 дар саросари кишвар истгоҳҳои базавии стандарти 4G ду маротиба бештар, нисбат ба солҳои пешин, ба кор дароварда шуданд. Таъмини шабакаи “босуръат” қариб дар 30 ноҳияи Тоҷикистон анҷом ёфтааст. Ба шарофати лоиҳаҳои мухталифи техникӣ, Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии суръати интернет якбора якчанд зина боло баромад», – иброз дошт Рафиль АГЛЯМОВ.

Хизматгузориҳои нави рақамии дар соли 2019 роҳандозинамудаи оператор, аз тарафи директори тиҷоратии ширкат Ҷамшед БОБОАЛИЕВ манзур гардиданд. Мавсуф муфассал сифату хусусиятҳои «МегаКвест» – аввалин бозии бо технологияҳои иловаи воқеият асосёфтаро тавсиф додааст. Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дорандагони смартфонҳо нуқтаҳоеро пайдо карда метавонанд, ки дар экранҳо дар заминаи манзараи маъмулӣ ҳар гуна ашёву объектҳои виртуалӣ , ба монанди киштиҳои кайҳонӣ ва тангаҳои тиллоии МегаКоинҳо, айён мегарданд.   Ҷамшед БОБОАЛИЕВ меҳмононро бо таҳиякунандагони бозӣ аз ширкати Spheroid Universe шинос намуд. Онҳо тарзи аксбардориҳо бо ашёву объектҳои виртуалӣ, роҳҳои истифодаи МегаКоинҳоро барои пардохти харид дар мағозаи интернетии бозӣ ба таври муфассал шарҳ дода, ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардониданд.

«Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интернети босуръаттарин дар кишвар ва дигар маҳсулоти инноватсионӣ дорад, ки барои ишғоли сафи аввал дар байни операторҳо имконият медиҳанд. Боварӣ дорам, ки маълумоти ба меҳмонони мо дастрасшуда, барои таҳияи маводҳои ҷолиб ва васеъ намудани доираи мақолаҳо дар мавзӯи алоқа ва имкониятҳои нави рақамӣ бениҳоят муфид мебошад», – дар анҷоми вохӯрӣ гуфт Анатолий Изюмников.     

IMG_8008.jpg

IMG_8015.jpg

IMG_8020.jpg

IMG_8041.jpg

IMG_8044.jpg

 IMG_8153.jpg

IMG_8100.jpg

IMG_8172.jpg

IMG_8219.jpg

IMG_8247.jpg
IMG_8319.jpg
IMG_8339.jpg
IMG_8353.jpg
IMG_8384.jpg
IMG_8412.jpg
IMG_8470.jpg
IMG_8574.jpg


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред