Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ҳаваси суръати худро қонеъ намоед ва бо ҳамин восита смартфон бурд кунед
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ҳаваси суръати худро қонеъ намоед ва бо ҳамин восита смартфон бурд кунед

2 Марта 2021

7 декабр озмуни нави “Ташнаи суръат” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон оғоз меёбад. Муштариёне, ки дар шабакаи оператор тариқи замимаи "Speedtest by Ookla” суръатҳои баландтарини мобилиро дарёфт карда тавонистанд, туҳфаҳо – смартфонҳои муосири "Samsung Galaxy A71”-ро ба даст меоранд. “Дарёфти” суръати рекордӣ то 29 декабр (дохилан) имконпазир аст.

“Speedtest”, ки аз ҷониби ширкати Ookla таҳия шудааст, – яке аз замимаҳои маъмултарин барои андозакунии суръатҳои қабул ва таҳвили маълумот ба шумор меравад. Акнун бо замимаи мазкур метавон на танҳо доир ба суръатҳои дастраси интернетӣ маълумот пайдо намуд, балки инчунин дар арафаи Соли нав соҳиби туҳфаи олӣ шуд. Барои ин танҳо зарур аст, ки баъди андозакунӣ скрини экранро ба мо равон намоед. Дар дарёфти суръатҳои баландтарин муваффақият орзӯмандем!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Барои иштирокчии озмун шудан зарур аст, ки замимаи “Speedtest by Ookla” боргирӣ карда шуда, пеш аз оғози андозакунии суръат дар смартфон функсияи ҷойгоҳи ҷуғрофӣ (GPS, Геоданные) ва интернет фаъол карда шавад. Дар замима мебояд сервер барои санҷиши “MegaFon Tajikistan”, намуди пайвастагии “Множественное”-ро интихоб намуд ва натиҷаи санҷишро мунтазир шуд. Сипас бояд скриншоти экран ҳамроҳи натиҷа ба амал бароварда шуда, тариқи пуркунии қолаби махсус дар саҳифаи интернетии www.nfs.megafon.tj ба ташкилкунандагони озмун фиристода шавад.

Иштирокчиёни пешсафи озмун оид ба суръатҳои боргирии маълумот (Downlink) дар шаҳри Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ муайян карда мешаванд. Ҳамин тариқ, смарфтонҳои Samsung Galaxy A71 насиби панҷ ғолиби озмуни “Ташнаи суръат” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Тақдими туҳфаҳо дар ҳамаи минтақаҳои кишвар санаи 31 декабри соли 2020 сурат мегирад.


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред