Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон иштирокчиёни шоуи телевизионии “Central Asia’s Got talent”-ро ба даври ниҳоии сатҳи байналмилалӣ равон намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон иштирокчиёни шоуи телевизионии “Central Asia’s Got talent”-ро ба даври ниҳоии сатҳи байналмилалӣ равон намуд

18 Декабря 2019

22 декабр дар пойтахти Қазоқистон гранд-финали лоиҳаи “Central Asia’s Got talent” баргузор мешавад. Кишвари моро дар ин шоуи бузурги байналмилалӣ ансамбли рақсии “Падида”, вокалист Чоршанбе Аловатов ва ....................... муаррифӣ менамоянд. Пеш аз сафар шарики генералии лоиҳа – “МегаФон Тоҷикистон” ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоиро ба “Академияи МегаФон” даъват намуда, сертификатҳоро барои гирифтани рақамҳои “нуқрагин” аз зарфияти сифрӣ тақдим намуд.

 

Интихоби финалистон воқеан аз ҷониби мардум сурат гирифт – ба ғайр аз ҳайати ҳакамони касбӣ дар он ҳазорҳо сокинони Тоҷикистон иштирок намуда, барои ҳунармандони писандомадаи худ овоз доданд. Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ин амалро бо шартҳои махсус анҷом дода метавонистанд: шарики генералии шоу нархи SMS-ро барои овоздиҳӣ дар муқоиса бо ширкатҳои дигари алоқа ду маротиба поён бурд. Ҳамин тариқ, иҷрокунандагоне, ки роҳхатро ба гранд-финал ба шаҳри Нур-Султон ба даст оварданд, муайян карда шуданд. Дар ин шаҳр истеъдодҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷамъ омаданд.

 

Пеш аз сафари худ финалистони тоҷик дар “Академияи МегаФон” – фазои ғайриоддии таълимӣ, корӣ ва фарҳангӣ, ки чанде қабл аз ҷониби оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ ифтитоҳ ёфта буд, вохӯрӣ намуданд. Дар рафти зиёфат иштирокчиёни шоуи телевизионӣ дар бораи таассуроту нақшаҳои худ сухан гуфта, инчунин аз директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз Давлатов ва роҳбари хадамоти маркетинги ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Зебуниссо Эргашева суханҳои хайрхоҳона шунида, инчунин аз оператор туҳфаҳо – рақамҳои “нуқрагин” бо зарфияти сифриро ба даст оварданд.  

 

“Ташаккури зиёд барои дастгирӣ, суханҳои нек ва албатта туҳфаҳо! Хеле гуворост, вақте ба ту на танҳо ҳайати ҳакамон, балки инчунин тамошобинон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон овоз медиҳанд ва вақте туро чунин шарикон ба монанди МегаФон дастгирӣ менамоянд! Бо донистани ин мо барои баромадҳои нав нерӯи тоза гирифта, ба пирӯзиҳои бештар ҳавасманд мегардем. Кӯшиш мекунем чунин баромад кунем, то тамоми Осиёи Марказӣ якҷоя бо Тоҷикистон хоҳиши ба рақс баромаданро намояд!” – мегӯяд роҳбари коллективи “Падида”, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Шарофат РАШИДОВА.

 

“Мутмаинам, ки барои финалистони мо “Got talent” – танҳо оғози ҳаёти пур аз комёбиҳо дар ҷодаи санъат ба шумор меравад. Бигзор ба рақамҳои нави онҳо, ки ба хотир гирифтанашон чунон осон аст, ҳарчӣ бештар продюсерҳо, намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва ташкилотҳои консертӣ занг бизананд. Сокинони Тоҷикистон аз дидани иштирокчиёне, ки ба онҳо овоз дода буданд, ҳамеша шод хоҳанд буд! Дар Нур-Султон ба онҳо муваффақият хоҳонем!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

 talent1.png

 talent2.png

 talent4.png

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред