Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ду толори навро дар Хатлон ифтитоҳ намуд

20 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон васеъ намуд. Нуқтаҳои нави фурӯш дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ ва маркази маъмурии ноҳияи Хуросон – деҳаи Обикиик кушода шуданд.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ дар назди худ мегузорад, ин баландбардории мунтазами сатҳу сифати хизматгузориҳо ва дастрасии онҳо ба шумор меравад. Бо иҷрои вазифи мазкур МегаФон дар минтақа яке аз шабакаҳои бузургтарини фурӯшҳоро ташкил намуд.

“Тӯли 10 соли фаъолият дар вилояти Хатлон мо аллакай 67 толори фирмавиро ифтитоҳ намудем. Дар ҳар яки онҳо муштариён метавонанд аз ҳаҷми пурраи хизматрасониҳо истифода баранд, аз ҷумла вобаста ба интихоби тарофаю опсияҳои муфид машваратҳо гиранд, тарофаҳои махсусеро, ки ба воситаи онҳо метавон фаъолнокии талабагонро дар интернет назорат карда, онҳоро аз контенти номатлуб ҳифз намуд, пайваст кунанд, SIM-кортро дастрас намоянд ва бисёр амалҳои дигарро анҷом диҳанд. Ҳатто дар минтақаҳои дурдаст мо ҳаракат мекунем, ки сатҳи аз ҳама баланди хизматрасонӣ ба мизоҷонро таъмин намоем”, - қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

 DSC_2743.JPG

DSC_2749.JPG

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред