Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон донишҷӯёнро бо имкониятҳои нави рақамӣ шинос намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон донишҷӯёнро бо имкониятҳои нави рақамӣ шинос намуд

26 Февраля 2020

Аз тарафи МегаФон Тоҷикистон экскурсия барои донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Толибилмон бо инфрасохтор ва хизматрасонии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ шинос шуда, оид ба шаклҳои гуногуни таъмини ҳамаи сокинон бо алоқаи боэътимод ва босифат воқиф гардиданд.

Қисмати аввали экскурсия дар бинои асосӣ, ки дар он коммутатори пайвасткунандаи муштариён байни якдигар ва дастраскунандаи алоқаи муттасил барои муштариёни рақамӣ ҷойгир шудааст, баргузор гардид. Донишҷӯён бо фаъолияти Департаменти техникӣ, ки дар навбати худ назорати таъмини алоқаи боэътимод ва босифатро таъмин менамояд, шинос карда шуданд. Роҳбари шуъбаи техникии ширкати МегаФон Тоҷикистон Ҷаҳонгир ЗАЙНИДДИНОВ экскурсияро гузаронида, дар бораи имкониятҳои нави рақамии барои муштариён дар минтақа пешниҳодшаванда маълумот манзур намуд.

Сипас гурӯҳи донишҷӯён ба яке аз идораҳои ширкат дар вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо раванди пешниҳоди хизматгузории баландсифат ба мизоҷон раҳсипор гардид. Менеҷери калони бахши фурӯшҳо ва хизматрасонии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ ба донишҷӯён оид ба равандҳои пешниҳоди хизматгузорӣ дар фурӯши хусусӣ ва бахши кор бо бозори тиҷоратӣ муфассал нақл кард. Барои мутахассисони ояндаи соҳаи техникаву технология шиносоӣ бо хусусиятҳо ва имкониятҳои рақамии дар бозори телекоммуникатсионӣ пешниҳодшаванда хеле ҷолиб буд.

«Шиноснамоии донишҷӯёнро бо имкониятҳои нави рақамӣ ва равандҳои тиҷоратӣ аллакай ҳозир роҳандозӣ намудан зарур аст, зеро ҳар қадаре, ки онҳо дар зинаи тайёрӣ донишу маҳорати мукаммал пайдо намоянд, ҳамон қадар имконияти вобастагии фаъолияти ояндаи онҳо бо соҳаи телекоммуникатсия бештар мегардад. Экскурсияи мазкур дар доираи ҳамкории ширкати МегаФон Тоҷикистон бо муассисаи таҳсилоти олӣ баргузор гардид. Мо боварӣ дорем, ки ягон нафар аз хатмкунандагони донишкада ба сафи кормандони тифоқи ширкати мо шомил мешавад» - иброз намуд Директори раёсати минтақавии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Ба гуфтаи донишҷӯён, экскурсия бениҳоят мароқовару хотирмон гузашт. Меҳмонон ба кормандони ширкат барои истиқболи самимӣ миннатдории худро баён намуда, дар фарҷом акси якҷояи хотиравӣ гирифтанд.

IMG_10001.jpg

IMG_10003.jpg

IMG_10004.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред