Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон дар маҷмааи сайёҳии “Сафед-дара” силсилаи чорабиниҳои Snow Party-ро ташкил менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар маҷмааи сайёҳии “Сафед-дара” силсилаи чорабиниҳои Snow Party-ро ташкил менамояд

21 Января 2020

18 январ дар маҷмааи сайёҳии “Сафед-дара” чорабинии якуми барфӣ гузаронида шуда, он аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд. Дӯстдорони варзиши зимистона сари як пиёла чойи гарм бо кулчақандҳо вақти худро хеле хуш гузаронида, соҳиби туҳфаҳои гуворо – сертификатҳо барои дастраскунии трафики босуръати интернет гардиданд. Snow Party-и минбаъда якшанбеи ҳафтаи ҷорӣ, 26 январ гузаронида мешавад.

 

Бо фарорасии фасли зимистон “Сафед-дара” ба яке аз маконҳои маъмултарини истироҳати сокинони Душанбе табдил меёбад. Ба ин ҷой одамон бо оилаҳои худ омада, дар кӯҳ ба лижаронӣ машғул мешаванд, ё дар ҳавои тоза вақти худро хуш мегузаронанд. Ба шарофати иштироки оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ ба ҷиҳатҳои мусбати дигари истироҳат дар “Сафед-дара” инчунин рақсу бозӣ, флеш-мобҳо, зиёфати лазиз ва имконияти дастраскунии бастаҳои трафики интернет дохил гардиданд.

 

Аз фаҳмидани он, ки интернети мобилии МегаФон интернети босуръаттарин мебошаду, маҳз он дар ин макон дастрас гардонида шудааст, меҳмонон хеле хушҳол гардиданд. Хулосаи аз ҳама босуръат будани интернети мобилии МегаФон ба ширкати Ookla – истеҳсолкунандаи замимаи мобилии “SpeedTest” мансуб буда, он баъди таҳлили андозакуниҳои мустақили интернети ҳамаи операторони Тоҷикистон ҳосил шудааст*. Мушовирони ширкат ба иштирокчиёни Snow Party инчунин дар бораи воситаҳои қулайи идоракунии хизматрасониҳои алоқа – бахусус, замимаи “МегаФон Life” маълумотҳо доданд. Бо ёрии он метавон на танҳо муошират намуд, балки инчунин тавозунро назорат карда, тарофаю опсияҳои заруриро фаъол гардонид: “Ҳамён” барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ин замима имкон медиҳад, ки маблағи харидҳо дар мағозаҳо ё хӯрокҳои пешин дар қаҳвахонаҳо пардохт карда шавад.

 

“Мо дар рӯзҳои корию истироҳат ҳамроҳи муштариёнамон ҳастем. Ва якҷоя бо мегабайтҳо кӯшиш мекунем, ки ба онҳо табъи хушу болида ҳадя намоем. Мутмаинам, вақте дӯстдорони лижаронӣ дар интернет “сайр мекунанд”, онҳо ҳар бор бо таассуроти гуворо сафари худро ба “Сафед-дара” ба ёд хоҳанд овард. Якшанбеи оянда бошад, мо меҳмонони навро интизорем – сертификатҳо барои онҳо аллакай омодаанд!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

 IMG_20200118_123126.jpg

 IMG_20200118_132658.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред