Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон дар Хуҷанд толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар Хуҷанд толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд

14 Апреля 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд. Он дар маҳаллаи 20-ум рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷойгир мебошад. Ин аллакай нуқтаи дуюми фурӯшҳои оператор маҳсуб меёбад, ки дар маркази вилоят аз оғози соли ҷорӣ пайдо шуд, - толори якум дар к.Шарқ ҷойгир мебошад.

Баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён ҳарду толор дар қисмҳои нисбатан сераҳолӣ кушода шудаанд. Ба мизоҷон доираи пурраи хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳо оид ба иваз ва барқароркунии SIM-кортҳо, танзимкунии гаҷетҳо ва дастгоҳҳои мобилӣ дастрас мебошанд. Дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд боз як толор дар ҳудуди истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, фурӯшгоҳҳо ва маконҳои маъмули истироҳат кушода мешавад.

“Стретегияи пешниҳоди хизматрасониҳо дар маконҳое, ки муштариён ба онҳо нисбатан зиёдтар ҳозир мешаванд, самаранокии худро исбот намуд. Сатҳи қаноатмандии мизоҷон боло меравад, суръати ҳалли масъалаҳои онҳо низ баландтар мешавад. Ҳангоми инкишофи минбаъдаи соҳаи фурӯш мо чунин стратегияро асоси кори худ қарор медиҳем”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Толори нави фирмавӣ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд мизоҷони худро аз рӯзи душанбе то шанбе аз соати 09:00 то 17:00 интизор аст. Якшанбе – рӯзи истироҳат.
IMG_8092.JPG
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред