Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар Хуҷанд хона бурд менамояд

3 Октября 2023

Муштариёни суғдии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ имкон доранд, ки миқдори зиёди туҳфаҳои беҳтаринро, ки асосиашон манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуяҷанд аст, ба даст оранд. Лотереяи “Дурдонаи шимол 2023” 24 сентябр оғоз ёфта, то 29 декабри соли 2023 давом меёбад. Доир ба тарзи дастраскунии ID-рамзи иштирокчӣ ва соҳибшавӣ ба туҳфаи арзишманд маълумот медиҳем.

 

Чӣ тавр метавон ID-рамзро дастрас кард?

Аввалин коре, ки барои иштирок дар лотерея анҷом бояд дод – дастраскунии ID-рамзи махсус мебошад. Ин корро метавон бо роҳҳои гуногун ба амал баровард: занг ба рақами кӯтоҳи 950 ё рақамчинии USSD-дархости *950#. Пас аз ин аз ҳисоби мобилии иштирокчӣ арзиши рамз – 2 сомонӣ гирифта шуда, худи ID-рамз дар шакли SMS-паёмак аз рақами 950 ворид мешавад. Ин паёмак бояд то анҷоми лотерея нигоҳ дошта шавад. Роҳи сеюм низ вуҷуд дорад – пайвастшавӣ ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар дилхоҳ идораи хизматрасонии вилояти Суғд. Дар ин ҳолат муштарии нави оператор ба таври автоматӣ як ID-рамзро ройгон ба даст меорад.

Бақайдгирии рамз ё бо роҳе дар бораи иштироки худ дар лотерея хабар додан зарур нест. Дар бозии бурднок ҳамаи муштариён – шахсони воқеии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, ки ба синни 18 расидаанд, имкони иштирок кардан доранд. 

Ба як иштирокчӣ чанд ID-рамз дастрас мебошад? 

Миқдори рамзҳои аз ҷониби муштарӣ дастрасшаванда бемаҳдуд аст. Ҳар қадаре ID-рамзҳои иштирокчӣ зиёд бошанд, ҳамон қадар имкониятҳои бурди туҳфаи арзишманд зиёд мегарданд. Дастраскунии ID-рамзҳо ҳам донабайъ ва ҳам дар бастаҳои иборат аз 50, 100 ё 200 ID-рамз имконпазир аст. Дар сурати дастраскунии бастаҳо арзиши ҳар як рамз пасттар хоҳад буд.

Мегабайтҳо – бонус ба ID-рамз 

Бо дастраскунии рамзҳо барои иштирок дар лотерея, муштарии суғдии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳамон дақиқа на танҳо имкони бурдкунии туҳфа, балки инчунин бонусро дар шакли 100 Мб интернет барои ҳар ID-рамзи дастрасгардида ба даст меорад. Ин трафикро метавон дар давоми 30 шабонарӯз аз лаҳзаи фаъолкунӣ новобаста аз натиҷаҳои бурди туҳфаҳо истифода намуд.

Чӣ тавр метавон туҳфаро бурд намуд?

Баъди харидан ва дастраскунии як ё якчанд ID-рамзҳо ба муштарӣ лозим меояд, ки танҳо як кор кунад – натиҷаҳои бурди туҳфаҳоро пайгирӣ намояд. 

Бурдҳои марҳилавӣ 31 октябр ва 30 ноябр баргузор мешаванд. Дар ин марҳила метавон смартфонҳо, гӯшмонакҳо, фитнес-дастбандҳоро бурд намуд. Соҳибони онҳо бо ёрии лототрон муайян карда мешаванд: рақамҳое, ки аз он бо роҳи тасодуфӣ бароварда шудаанд, ID-рамзҳои ғолибонро ташкил менамоянд. Пайгирии бурдҳо тариқи онлайн дар рафти пахши мустақим дар сомонаи расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Instagram имконпазир аст.. 

Финали лотерея 30 декабр дар пахши мустақими яке аз шабакаҳои телевизионии вилояти Суғд доир мегардад. Бо ёрии лототрон ID-рамзҳои соҳибони туҳфаҳои арзишманд ва туҳфаи асосӣ – манзили истиқоматӣ дар Хуҷандб тартиб дода мешаванд. Дар бозии бурднок ҳамаи ID-рамзҳое, ки аз лаҳзаи оғози лотерея дастрас карда шудаанд, иштирок хоҳанд кард. 

Натиҷаҳои лотереяро бо ID-рамзҳои соҳибони ҳамаи туҳфаҳо аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар сомонаи расмии худ нашр менамояд. 

Дар бозии бурдноки “Дурдонаи шимол 2023” иштирок намоед – манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд метавонад аз они Шумо шавад!

Миқдори ID-рамзҳои аз ҷониби муштарӣ харидашаванда

Нарх бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ

USSD-дархост барои дастраскунии рамзҳо

1

2 сомонӣ

*950#

(ё занг ба рақами 950)

50

90 сомонӣ

*950*50#

100

170 сомонӣ

*950*100#

200

320 сомонӣ

*950*200#

 

Барои гирифтани маълумот оид ба ID-рамзҳои аллакай ба муштарӣ додашуда рақамчинии USSD-рақами *950*1# зарур меояд.

1.jpg 2.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред