Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон баромади дизайнер Нафиса Имрановаро дар Ҳафтаи муд дар Париж дастгирӣ намудааст
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон баромади дизайнер Нафиса Имрановаро дар Ҳафтаи муд дар Париж дастгирӣ намудааст

24 Января 2020

19-20 январ дар доираи Ҳафтаи муд дар пойтахти Фаронса намоиши байналмилалии Oriental Fashion show, ки ба муди олии кишварҳои Шарқ бахшида шуда буд, доир гардид. Тоҷикистонро дар ин шоу дизайнер Нафиса Имранова, ки бренди хусусии ZHIWJ-ро ташкил кардааст, муаррифӣ намуд. Сафари ӯ ба шаҳри Париж маҳз бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имконият пайдо кард.       

 

«Дастгирии истеъдодҳои ҷавон аллакай барои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, мо кӯшиш намудем, ки Нафиса Имранова баъд аз тасхир намудани дизайнери машҳур Джимми Чу дар Малайзия, коллексияи худро дар пойтахти муди ҷаҳонӣ намоиш диҳад. Хушҳол ҳастем, ки бо дастгирии мо санъати тоҷик ва анъанаҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешаванд, – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.   

 

Oriental Fashion show тӯли 15 сол аст, ки дар Фаронса ва дигар кишварҳои ҷаҳон гузаронида шуда, тамоюлҳои замонавии мудро дар асоси санъати шарқ ташаккул медиҳад. Нафиса Имранова дар шоу коллексияи нави худро бо номи «Наврӯз», ки барои таҳияи он таърих ва фарҳанги ғании халқи тоҷик илҳом бахшиданд, пешкаш намуд.  

 

«Иштирок дар намоиш дар Париж - орзуи ҳамешагии ҳар як дизайнер аст. Бо кӯмаку дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид. Бениҳоят хушбахтам, ки на танҳо дар Ҳафтаи муд иштирок доштам, балки аввалин намоянда аз Тоҷикистон мебошам. Ин барои ман ҳам шараф ва ҳам масъулияти азим аст. Боварӣ дорам, ки кишварамонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намудам. Акнун ман орзу дорам, ки санъату анъанаҳои миллии тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон машҳур гардонам!» – иброз дошт Нафиса ИМРАНОВА.     

 Нафиса1.jpg

 Нафиса 2.jpg

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред