Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони мусиқӣ портал таҳия намуд

30 Марта 2020

Муштариёни аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ хизматрасонии нав пайдо намуданд – портали “Mega Music” барои дастрасӣ ба миллионҳо суруду оҳанги сарояндагони тоҷик ва хориҷӣ. Ҳафт рӯзи аввали истифода аз хизматрасонӣ ройгон аст. Пардохти абонентӣ 1 сомониро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” трафики интернет барои истифодаи портал нархгузорӣ карда намешавад.

Портали нав имкон медиҳад, ки рӯйхатҳои шахсии мусиқӣ ташкил дода шуда, тавсияҳо вобаста ба суруду оҳангҳои нав ва жанрҳо гирифта шуда, инчунин радио ба тариқи онлайн гӯш карда шавад. Дар вақти гӯш кардани мусиқӣ портал чун медиа-плеери нимфунксионалӣ кор мекунад: дар он гузоштани оҳанг ба пауза, гузаронидани он, гузариш аз як суруд ба суруди дигар, такроран гӯш кардани трекҳои писандида имконпазир аст.

“Бо ҷамъоварии миқдори зиёзи контенти мусиқӣ дар як портал мо ҷустуҷӯи сурудҳои заруриро хеле осон кардем. Ба ғайр аз ин, ба шунаванда тавсияҳо дастрасанд – ба ин тариқ номбурда барои худ бисёр сарояндагони навро кашф намуда, метавонад онҳоро, масалан, аз рӯйи жанрҳои мусиқӣ интихоб кунад. Акнун муштариёни мо дорои хизматрасонии универсалии мусиқӣ мебошанд, ки он барои истифодабарӣ қулай ва фаҳмост”, - қайд намуд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ

Барои пайвастшавӣ ба портали “Mega Music” муштарӣ бояд дар веб-портали https://megamusic.tj/, дар замимаи мобилие, ки метавон аз App Store ё Google Play боргирӣ намуд ва инчунин ба воситаи ирсоли SMS-паёмаки ройгон ба рақами 3322 бо матни “1” ё рақамчинии USSD-дархости *3322# худро ба қайд гирад. Дастрасии онлайн ба замима ё веб-портал тавассути дастгоҳи мобилӣ ё компютери доимӣ ҳангоми мавҷудияти дастрасӣ ба интернет бо суръати на камтар аз 128 Кбит/с пешниҳод карда мешавад. Гӯш кардани мусиқие, ки аз портал ба телефон боригирӣ шудааст, ҳатто ҳангоми набудани дастрасӣ ба интернет имконпазир аст.

photo_2020-03-16_13-40-14.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред