Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон барои ба онлайн гузаштани Суғд кӯмак менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон барои ба онлайн гузаштани Суғд кӯмак менамояд

18 Марта 2021

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи пахшҳои мустақимро дар шабакаи иҷтимоии Facebook идома медиҳад, ки дар рафти онҳо сокинони кишвар метавонанд бо инноватсияҳои рақамӣ шинос шуда, аз кори мутахассисони соҳаҳои талаботпазир огоҳ шаванд ва дар хусуси самтҳои мухталифи ҳаёт маслиҳати муфид гиранд. Иштирокчиёни пахши навбатӣ Директори раёсати минтақавии ширкат дар вилояти Суғд Далер Наимов ва резиденти «Территория Юмора» (Фазои Ҳаҷв) Далер Камилов буданд.        

Пахши мустақиме, ки шаҳри Хуҷанд ва пойтахти кишварро бо ҳам мепайваст, ба технологияҳои интернетии дастрас барои муштариёни суғдии MeгаФон бахшида шуда буд. Далер Наимов дар бораи таъриху фаъолияти ширкат, ки имсол 20-солагии худро ҷашн мегирад, сухан кард. Дар тӯли ду даҳсола, соҳаи алоқа дар Тоҷикистон хеле пеш рафта, МегаФон ба яке аз "муҳаррикҳо" -и ин ҳаракат табдил ёфт. Маҳз он аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шабакаҳои наслҳои сеюм, чорум ва панҷумро ҷорӣ намуда, дар сафи аввал ба муштариён чунин инноватсияҳои рақамиро, ба монанди корти электронии eSIM, пешниҳод намуд. 

Директори раёсати ширкати МегаФон ба саволҳои шунавандагон ва меҳмони махсус Далер Комилов посух дода, дар бораи хизматрасониҳои ба истилоҳ молиявию техникие, ки ба муштариён дар идоракунии маблағҳо тариқи интернет кӯмак мекунанд, тавзеҳи муфассал баён кард. Дар байни чунин хизматрасониҳои қулай - замимаи «МегаФон Life» бо «Ҳамён»-и электронӣ вуҷуд дорад. Ба шарофати он, мизоҷони оператор метавонанд маблағи қарзҳо ва ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт кунанд, бо ёрии QR-рамзҳо харидҳои фаврӣ анҷом диҳанд ва бештари амалҳои дигарро, аз хона набаромада, иҷро намоянд.    

Иштирокчиёни барнома инчунин таваҷҷуҳ доштанд, ки оё корманди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шудан осон аст? Далер Наимов таъкид кард, ки барои он соҳибкасб будан кофӣ нест, шумо бояд ҳамеша ба сӯи қуллаҳои нав кӯшиш намоед, дар якҷоягӣ бо бозори телекоммуникатсия рушд ёбед ва албатта «узви як даста» бошед.      

Пахши мустақим барои сокинони вилояти Суғд хеле муфид буд. Чунин иртибот ба мо кӯмак мерасонад, ки доимо омода бошем ва бидонем, ки пеш аз ҳама муштариён чӣ гуна шавқу ҳавас доранд ва аз ширкати мо чиро интизоранд. Аз рӯи саволҳои додашуда ба Далер НАИМОВ ва фикру мулоҳизаҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, инкишофи хизматрасониҳои интернетӣ, "гузаронидани Суғд ба онлайн", ки мо онро яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ медонем, бешубҳа барои муштариён зарур ва муфид аст. Мо бо роҳи дуруст рафта истодаем», - дар фарҷоми пахши мустақим қайд кард Далер НАИМОВ.

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред