Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон ба машғулияти фитнес тариқи онлайн даъват менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ба машғулияти фитнес тариқи онлайн даъват менамояд

8 Июня 2020

МегаФон Тоҷикистон ба сокинони кишвар пешниҳод намуд, ки ба варзиш ба тариқи онлайн машғул шаванд. Машғулиятҳои ҳавасмандкунандаи видеоӣ, ки аз ҷониби оператор дар ҳамкорӣ бо фитнес-блогер ва устоди йога Азиза Эгамова омода карда шудаанд, ба ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз омодагии ҷисмониашон кӯмак мекунанд, ки нерӯи ҷисмонии худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд.

Лоиҳаи “Фитнес Онлайн” дар саҳифаҳои расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоии “ВКонтакте”, Facebook, Telegram, Instagram ва YouTube роҳандозӣ карда шудааст. Дар онҳо метавон дарсҳои видеоии иборат аз машғулиятҳои асосӣ: машқҳои зӯрталаби шиддатнок барои ҳамаи мушакҳо, пилатес, ёзониш ва амсоли инҳоро пайдо намуд. Машғулшавӣ ба варзиш ба тариқи онлайн бе лавозимоти махсус комилан имконпазир буда, машқҳо бо назардошти бехатарии максималии онҳо интихоб карда шудаанд – онҳоро ҳатто варзишгари навомӯз иҷро карда метавонад. Инчунин метавон якҷоя бо кӯдакон машқҳоро иҷро намуд.

“Агар Шумо дар хона бошед, ин барои қатъи машқҳо сабаб шуда наметавонад! Видеороликҳои мо бо маҷмӯи машқҳои муайян ба Шумо имкон медиҳанд, ки намуду андоми намунавии худро дар шароити хона нигоҳ дошта, вақтро ҳамроҳи оила хуш ва бо манфиат гузаронед”, - мегӯяд Азиза ЭГАМОВА.

“”Фитнес Онлайн – аввалин лоиҳа дар байни лоиҳаҳои шабеҳи дигар мебошад, ки мо барои муштариёни худ роҳандозӣ мекунем. Олами муосири рақамӣ хеле ҷолиб ва серҷабҳа мебошад. Бо ёрии интернет метавон ҳатто ҳангоми дар хона будан нерӯи ҷисмонии худро нигоҳ дошт, нисбати саломатии худ ғамхорӣ зоҳир намуд ва донишҳои заруриро ба даст овард. Ба наздикӣ мо муштариёни худро бо онлайн-лоиҳаҳои нави худ хушҳол хоҳем кард!” – изҳор дошт Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
IMG_0184.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред