Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Лотереяи «Дурдонаи шимол 2023»: сокинони Суғд чиро бурд менамоянд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Лотереяи «Дурдонаи шимол 2023»: сокинони Суғд чиро бурд менамоянд

27 Ноября 2023

Смартфонҳои Xiaomi Redmi Note, дастпонаҳои фитнес, аккумуляторҳои ёрирасон, гӯшмонакҳои бесим насиби  иштирокчиёни хушбахти лотереяи «Дурдонаи шимол 2023», ки ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар байни сокинони вилояти Суғд баргузор менамояд, гардиданд.  Бурди аввалини марҳилавӣ рӯзи 31 октябр гузаронида  шуд, бозии навбатӣ санаи 30 ноябр дар назар аст. Рӯзи 30  декабр ҳамаи иштиркчиёнро  даври ниҳоӣ интизор аст, ки дар он барандаи ҷоизаи асосӣ – манзил дар шаҳри Хуҷанд муайян карда  мешавад.        

Барои довталаби манзили истиқоматӣ  ва дигар туҳфаҳои  “Дурдонаи  Шимол 2023” шудан,  бояд рамзи ID-ро тавассути занг задан ба рақами кӯтоҳи 950 ё рақамчинии  USSD-дархости  *950# ба даст оред. Нархи як рамз 2 сомонӣ аст. Роҳи сеюм ин пайвастшавӣ  ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар дилхоҳ  идораи хизматрасонӣ дар Суғд мебошад. Муштарии нави оператор, ки дар давоми давраи бозӣ ба шабака дар вилояти Суғд пайваст мешавад, ба таври автоматӣ як рамзи ID  ройгон  ба даст меорад.     

Шумо метавонед шумораи бемаҳдуди рамзҳоро бихаред ва бо ин роҳ  имкони бурди  туҳфаи   арзишнок меафзояд.    Соҳиби манзили истиқоматӣ дар Хуҷанд дар даври ниҳоӣ рӯзи 30-юми декабр аз миёни ҳамаи дорандагони  рамзҳои ID муайян карда мешавад.      

Ҷӯрабек Бекназаров - яке  аз  ғолибони  аввалини  лотерея мебошад.

“Бахтам омад кард! Ман симкорт  харидам, рамзи ID-ро ба даст овардам ва  тавонистам телефони зебоеро, ки барои ман хеле лозим буд, бурд намояд. Ман бо камоли майл иштирокро давом  медиҳам ва умедворам, ки соҳиби хона мешавам! Ба ҳама  муваффақият  ва  амалишавии   орзуҳоро хоҳонам!” – мегӯяд Ҷӯрабек Бекназаров.      

Шумораи бештари  ID-рамзҳоро ба даст оред ва бурди туҳфаҳоро дар Instagram   пайгирӣ намоед!

1.jpg

Чурабек Бекназоров.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред