Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Хизматрасониҳои муфиди молиявӣ-техникӣ: ба сокинони Тоҷикистон истифодаи маблағҳоро дар шакли digital ёд доданд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Хизматрасониҳои муфиди молиявӣ-техникӣ: ба сокинони Тоҷикистон истифодаи маблағҳоро дар шакли digital ёд доданд

7 Декабря 2023

Дар давоми соли 2023 дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишвар тренингҳо гузаронида шуданд, ки дар давоми онҳо иштирокчиён истифодаи хизматрасониҳои рақамии молиявиро ёд гирифтанд. Ба ҳайси ташаббускори лоиҳаи омӯзишӣ МегаФон Тоҷикистон баромад намуд.

Тренингҳо оид ба технологияҳои молиявӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Бӯстон, Ваҳдат, Душанбе, Кулоб, Панҷакент, Турсунзода, Хоруғ ва Хуҷанд гузаронида шуданд. Иштирокчиён бо имкониятҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ шиносоӣ пайдо карданд. Масалан, айни замон бо ёрии смартфон метавон ҳисобҳои ХМК, хизматрасониҳои давлатиро пардохт намуда, интиқолҳои пулӣ анҷом дод ва чиптаҳои ҳавопаймоиро ба даст овард. 

МегаФон Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда дар кишвар ба инкишофи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ шурӯъ кард, ки онҳо алҳол дар замимаи мобилии “МегаФон Life” дастрас ҳастанд. Барандагони тренингҳо ба таври муфассал доир ба тарзи истифодаи функсияҳои замима маълумот расониданд. Дар қисми функсияҳои нав – хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва кино ё театр дар қисми “Таблиғот” ва инчунин хизматрасонӣ барои хариди доруворӣ ва молҳои тиббии “Дорухона”, ки чанде қабл дар Душанбе ташкил шуда буд. 

“Имрӯз ман барои худ хизматрасониҳои молиявӣ-техникиро кашф намудам, онҳо ҳаёти маро хеле содда хоҳанд кард. Бо камоли майл тариқи замимаи “МегаФон Life” интиқолҳоро анҷом медиҳам, ба воситаи он фиристодани маблағ ба писарам, ки дар Россия таҳсил мекунад, хеле қулайтар аст”, - таассуроти худро баён кард сокини шаҳри Кулоб Мавлюда Исоева. 

“Пештар ман аз истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ каме ҳарос доштам, зеро мо аллакай ба пардохти маблағи ХМК ба таври нақдӣ ва гирифтани расидҳои қоғазӣ одат кардаем. Лекин дар тренинг барои худ муайян кардам, ки анҷоми ин кор тариқи телефон ба маротиб осонтар аст. Замимаи “МегаФон Life”-ро кайҳо истифода мебарам, акнун бошад, ҳамаи функсияҳои онро аз худ кардам. Мутахассисон ба таври муфассал доир ба тарзи пардохти ҳисобҳои қувваи барқ маълумот расониданд, ҳамааш ниҳоят содда ва осон будааст, илова ба ин боз холҳои бонусӣ низ ба даст овардам!” – мегӯяд сокини шаҳри Панҷакент Шоира Шоимова.

Дар тренингҳо коршиносони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”: директори молиявӣ Андрей Яркин, роҳбари самти хизматрасониҳои молиявӣ Улуғбек Урунов, роҳбати тиҷоратии раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд Фирӯз Юсуфӣ, роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон Фирдавс Шамсуддинов, роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавӣ дар ВМКБ Далер Назаршоев, менеҷерони фурӯшҳои раёсати минтақавӣ дар ш.Душанбе ва НТМ Шоҳрух Сатторов ва Толиб Каримов баромад мекарданд. Тӯли ним сол дар тренингҳои ташкилнамудаи оператор садҳо сокинони кишвар иштирок намуданд. Дар баробари ин, барномаи машғулиятҳо пайваста пурра мегардад ва такмил дода мешуд.

“Хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ то дараҷае босуръат инкишоф меёбанд, ки сервисҳое, ки айни замон мо дар бораашон маълумот медиҳем, ҳанӯз баҳори соли равон мавҷуд набуданд. Ҳамин тариқ, акнун метавон харидҳоро тариқи QR-рамзи ягона анҷом дод, ва маблағи хизматрасониҳои давлатиро ба тариқи онлайн пардохт намуд. Иштирокчиёни тренингҳо донишҳои гирифтаи худро хеле баланд арзёбӣ мекунанд, бинобар ин мо дар фикри онем, ки ҳудуди ҳарчи бештари кишварро бо ин лоиҳаи омӯзишӣ фаро гирем. Агар оид ба хизматрасониҳои муфиди молиявӣ-техникӣ сокинони навоҳии Тоҷикистон низ маълумот пайдо намоянд, ин хеле хуб мешавад”, - мегӯяд Улуғбек Урунов, роҳбари самти хизматрасониҳои молиявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

6.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред