Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Интернети мобилии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» босуръаттарин дар кишвар эътироф гардид
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Интернети мобилии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» босуръаттарин дар кишвар эътироф гардид

31 Декабря 2019

Ширкати Ookla, таҳиякунандаи замимаи маъруфи мобилии SpeedTest, натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили суръатҳои интернети мобилиро интишор намуд. Бори аввал дар рейтинги байналмилалии Ookla маълумотҳои операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардиданд. Натиҷаҳои баландро дар соли 2019 мувофиқи ченкуниҳои истифодабарандагони интернет МегаФон Тоҷикистон манзур намудааст.   

 

Дар рафти таҳқиқотҳои мунтазами худ Ookla санҷишҳоеро, ки аз тарафи дорандагони смартфонҳо мустақилона дар шабакаҳои ҳамаи операторон гузаронида шуданд, таҳлил менамояд. Натиҷаҳо дар сатҳи тамоми кишвар ҷамъбаст гардида, воқеияти комили маълумоти ниҳоиро кафолат медиҳанд.

 

Муштариёни шабакаҳои мобилии Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор ченкуниҳоро бо ёрии SpeedTest анҷом доданд. Афзалиятро аз рӯи ҳамаи талаботи асосӣ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба даст овард.    Суръат ҳангоми гузаронидани маълумот ба смартфон (Download) – ба ҳисоби миёна 14,5 Мбит/с ташкил медиҳад. Ҳангоми таҳвили маълумот аз дастгоҳ (Upload) суръат аз 7 Мбит/с баландтар аст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар шабакаҳои ҷумҳурӣ якчанд маротиба зиёд мебошад. Инчунин, дар байни ҳамаи операторон вақти интизории даъват дар шабакаи МегаФон беҳтарин ҳисобида шуд.  

 

Чӣ тавре дар ширкат қайд намуданд, натиҷаҳои таҳқиқоти мустақил бо пешсафии технологии МегаФон шарҳ меёбанд. Танҳо дар соли 2019[1] дар саросари кишвар истгоҳҳои базавии стандарти 4G ду маротиба бештар, нисбат ба солҳои пешин, ба кор дароварда шуданд. «Таъмини шабакаи “босуръат” қариб дар 30 ноҳияи Тоҷикистон анҷом ёфта, зимнан ба минтақаи фарогирӣ ҳам шаҳрҳо ва ҳам деҳаҳои начандон калон дохил мегарданд», – иброз дошт директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафиль АГЛЯМОВ.    Аз ҷониби оператор дигар лоиҳаҳои техникӣ низ амалӣ гаштанд. Дар рафти модернизатсияи таҷҳизот зарфияти шабакаҳои магистралии Душанбе – Бохтар – Данғара то се маротиба афзун гардид.    Зарфияти шабакаҳои радиорелеӣ дар самтҳои Нуробод, Сангвор, Панҷакент, Ҳисор низ зиёд карда шуд. Рушди инфрасохтори алоқа дар тамоми кишвар ба он мусоидат намуд, ки соли 2019 Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии суръати интернет якбора якчанд зина боло баромад.

 

«Хушҳолем, ки Ookla бартариятро аз рӯи суръат ба мо муносиб донистааст. Мо ҳамеша баҳри бунёди иншооти нави алоқа, пеш аз ҳама шабакаи 4G, кӯшиш менамоем. Дар натиҷа суръати интернет баланд баромада, теъдоди истифодабардагони он афзудааст. Имрӯз дар шабакаи 4G муштариёни мо се маротиба зиёдтар, дар муқоиса бо аввали сол, ба қайд гирифта шуданд.    Ҳаҷми трафик дар қиёс бо нишондиҳандаҳои моҳи январ 4 маротиба зиёд мебошад. Ҳаминро бояд қайд кунам, ки Ookla маълумотҳои дар шароитҳои мураккаб ва бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба даст омадаро коркард менамояд. Муштариён суръатро дар тамоми ҷумҳурӣ: дар пойтахт, дар дигар шаҳрҳо, деҳоти кӯҳистон, бо смартфонҳои нав ва намудҳои таҷҳизоти солҳои пешин чен мекунанд. Ҳар қадаре, ки ин гуна ченкуниҳо зиёдтар бошанд, ҳамон қадар рейтинги тавсифдиҳандаи ҳолати воқеии бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионии кишвар шаффофтар мегардад», – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

САМЫЙ___ИНТЕРНЕТ___В___ТАДЖИКИСТАНЕ_______.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред