Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Дар Тоҷикистон “Муштариёни 07” пайдо мешаванд

29 Июня 2023

Ба Муштариёни оператори имкониятҳои нави рақамӣ рақамҳои аз “01” ва “07” оғозёбанда дастрас гардиданд. Дар вилояти Суғд метавон комбинатсияҳоро бо рақами “02” дар аввал интихоб намуд.

 

Рақамҳои иловагӣ аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо сабаби васеъшавии базаи муштариён роҳандозӣ карда мешаванд. Зарфияти пешинаи рақамӣ аллакай барои пайваст кардани мизоҷоне, ки алоқаи боэътимод ва хизматрасониҳои нодири рақамии дар тамоми навоҳии кишвар дастрасро интихоб менамоянд, кофӣ нест. Рақамҳои навро метавон дар баста бо дилхоҳ тарофаи оператор – масалан “Муттаҳид намо”, ки имкони муттаҳид кардани интернети мобилиро бо интернети собити ноқилӣ фароҳам меорад, интихоб кард.

 

Дастраскунии рақамҳои нав дар идораҳои хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” дар тамоми кишвар ё тариқи мағозаи интернетии https://shop.megafon.tj/ имконпазир аст.

 

“Акнун мо метавонем ба шабака теъдоди бештари муштариёнро пайваст намоем. Бо рақамгузории пешина вақтҳои охир мо маҷбур будем умед ба он бандем, ки рақамҳои аз ҷониби мизоҷон истифоданашаванда озод мешаванд. Лекин муштариён дар шабакаи мо муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд, наздики 30% муштариён дар шабакаи мо дар давоми панҷ сол ё зиёда аз он хизматрасонӣ мешаванд. Бо ҳамин сабаб қонеъкунии талаботи сокинони кишвар танҳо бо як роҳ – пешниҳоди рақамҳо бо “01” ва “07” имконпазир буд. Дар вилояти Суғд бошад, ки дар он раёсати минтақавии ширкат 20-солагии худро ҷашн мегирад, компбинатсияҳои махсусе пайдо шуданд, ки аз “02” оғоз мешаванд. Рақамеро, ки бештар бароятон писанд аст, интихоб кунед!” – мегӯяд роҳбари хадамоти фурӯшҳо ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Сунатулло БАБАЕВ.   


1.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред