Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Ба кормандони ширкатҳои пешрафта чиро ва бо кадом роҳ меомӯзонанд?
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Ба кормандони ширкатҳои пешрафта чиро ва бо кадом роҳ меомӯзонанд?

4 Декабря 2023

Барои роҳандозии лоиҳаҳое, ки ҳоло дар кишвар мавҷуд набуданд, бояд дорои донишҳо ва технологияҳои замонавӣ буд. Пас кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки бо нерӯи худ тарофаҳои нодир, замимаҳои мобилӣ ва чат-ботҳоро таҳия менамоянду таҷрибаи беҳтарини робита бо мизоҷонро ташкил мекунанд, бо кадом роҳ сатҳи касбии худро нигоҳ медоранд? Ҳама гап сари системаи омӯзишиест, ки оператор пешбинӣ кардааст. 

Якум ва аз ҳама муҳим: омӯзиш аз ҳисоби ширкат гузаронида мешавад. Албатта, мутахассисони МегаФон худ доимо дар роҳи инкишофанд, адабиёти соҳавиро мутолиа мекунанд, онлайн-курсҳоро мегузаранд, лекин дастраскунии чунин донишҳо на ҳамеша муяссар мешавад. Вале курсҳое, ки бизнес-тренерҳои касбию коршиносони даъватшуда мегузаронанд, тамоман гапи дигар аст.  

Дар ширкат ҳама аз омӯзиш мегузаранд: ҳам коргарони наве, ки танҳо донишгоҳро хатм карда омадаанд ва ҳам мутахассисони ботаҷриба; кормандони Хадамоти мизоҷон, ки бевосита бо муштариён кор мебаранд, муҳандисон, маркетологҳо, мутахассисони соҳаи IT, мутахассисони қаторӣ ва топ-менеҷерҳо. Дар Душанбе ва ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон.

Кормандони нав аз асосҳо оғоз мекунанд. Масалан, кормандони Front Line ба таври муфассал тарофаҳо ва хизматрасониҳои рақамии ширкатро меомӯзанд, бо стандартҳои хизматрасонӣ ва фурӯшҳо бо сабки МегаФон шиносоӣ пайдо мекунанд. Кормандони Хадамоти мизоҷон пас аз чунин курсҳои муқаддимавӣ мунтазам ҷамъ омада, доир ба усулҳои нави хизматрасонӣ маълумот пайдо мекунанд, аз болои хатоҳо кор мебаранд, ҳолатҳои ғайристандартии дар рафти муошират бо мизоҷон бамиёнояндаро матраҳ мекунанд.

Барои мутахассисони ботаҷриба, омӯзиш дар мавзӯъҳои амиқтар ба эҳтиёҷоти тиҷорат, шӯъбаи мушаххас ва ҳадафҳои рушди кормандон мутобиқ карда мешавад. Баъзе одамон ба ба тайм-менеҷмент, фарҳанги мукотибаи корӣ, асбобҳои идоракунӣ ниёз доранд, ба дигарон ба донишҳои маҳдуд дар IT, маркетинг ва дигар соҳаҳое, ки ба кори ширкат алоқаманданд, ниёз доранд. Ҳар дархост ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ва дар оғози соли навбатӣ барномаи чорабиниҳои омӯзишие, ки барои кормандон ройгон гузаронида хоҳанд шуд, тартиб дода мешавад. 

Омӯзиш чӣ тавр мегузарад? Ҳар хел. Ин метавонад курси кӯтоҳмуддати иборат аз якчанд соат, тренинги серӯза ё дарсҳои якчандмоҳа бошад. Ҳамааш аз мавзӯъ, аз он, ки чӣ гуна донишҳо бештар ба кормандон лозиманд, вобаста аст. Вақтҳои охир шакли онлайн фаъолона инкишоф меёбад. Пайдокунии маълумоти зарурӣ дар платформаи корпоративии омӯзишии “Онлайн академия МегаФон” ё китобхонаи электронии “МИФ” ҶСО “МегаФон”, ки алҳол ба он ҳамкорони тоҷики мутахассисони алоқаи Русия низ пайвастанд, имконпазир аст.

“Барои мо муҳим аст, ки кормандони мо пайваста рушд кунанд. Мо курсҳои онлайнӣ, муосиртарин обунаҳои IT-ро мехарем, беҳтарин коршиносонро аз дигар кишварҳо даъват мекунем ва иштироки кормандони асосии МегаФонро дар конфронсҳо дар саросари ҷаҳон таъмин мекунем.  Мо барномаҳои омӯзишӣ барои вазифаҳо, мавқеъҳо ва траекторияҳои рушди шахсӣ таҳия мекунем. Кормандони МегаФон аъзои ҷомеаҳои касбии байналмилалӣ буда, дар вохӯриҳо ва дигар шаклҳо барои табодули таҷриба иштирок мекунанд. Ҳамин тавр ба мутахассисони мо муяссар мешавад, ки дар касбу кори худ пеш раванд, маҳсулоти нодир эҷод кунанд ва талаботи баланди мизоҷонро қонеъ намоянд”, - мегӯяд директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анна ЖДАНОВА.

Мехоҳӣ тавре кор кунӣ, ки аз натиҷаҳоят ифтихор намоӣ ва худро ҳаррӯза такмил диҳӣ? Ба қисми “Ҷойҳои холии корӣ”-и сомона  гузар, кори дилхоҳи худро интихоб намо ва ҳамроҳи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба пешравиҳо ноил шав! 

1.jpeg

2.JPG

3.jpg

4.jpg

5.JPG

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред