Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Аз хариди SIM-корт то пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ: панҷ сабаб барои воридшавӣ ба марказҳои хизматрасонӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Аз хариди SIM-корт то пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ: панҷ сабаб барои воридшавӣ ба марказҳои хизматрасонӣ

26 Января 2023

Пайвастшавӣ ба шабака, ивази тарофа, пуркунии тавозун... Боз барои чӣ метавон ба марказҳои хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” ҳозир шуд? Дар асл, сабабҳо барои омадан ба марказҳои хизматрасонӣ пайваста зиёд мегарданд, ва на танҳо барои муштариёни ширкат. Доир ба баъзе хизматрасониҳое, ки дар шабакаи оператори имкониятҳои нави рақамӣ дастрас мебошанд, маълумот мерасонем.

Пардохти алоқа

МегаФон Тоҷикистон дар пур кардани тавозуни муштариёни ҳамаи операторон ва инчунин МегаФони ФР ва Yota кӯмак мекунад – дар ҳоле зарур меояд, агар алоқа якбора пас аз омадан ба Россия лозим шавад. Инчунин барои мизоҷони ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла, барои онҳое, ки телефони шаҳриро истифода мебаранд, қулай аст. Ҷустуҷӯ кардани толори оператори худ лозим намеояд – маблағи хизматрасониҳои алоқаро метавон дар идораи МегаФон, ки дорои шабакаи васеътарини фурӯшҳо дар Тоҷикистон мебошад, пардохт намуд.

Интернет ва ТВ

Ҳаққи хизмарасониҳои провайдер ё телевизионро пардохт кардан зарур аст? Кофист, ки ба идораи наздиктарини МегаФон ҳозир шавед – масъалаатон дарҳол ҳал мешавад. Сокинони Душанбе инчунин метавонанд дар ин ҷой бо интихоби, масалан, тарофаи нави солона “Интернетро барои хона” пайваст намоянд. Ин ҳам қулай ва ҳам муфид аст: бо пардохти яккарата истифодабарандаи дастрасии ноқилӣ аз оператор дар як сол, ҳадди ақал, 960 сомонӣ маблағи худро сарфа мекунад.

Ҳисобномаҳои Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ (ХМК)

Маблағи хизматрасониҳои коммуналиро метавон бо роҳу воситаҳои гуногун пардохт намуд. Лекин агар Шумо аллакай дар толори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бошед, пас бе ташвиши зиёдатӣ якбора пули барқу обро низ дар ин ҷой пардохт намоед. Беҳтараш, аз мушовир хоҳиш кунед, ки  замимаи “МегаФон Life” насб кунад ва бароятон пардохти автоматиро танзим намояд. 

Интиқоли маблағ ва хизматрасониҳои дигари молиявӣ

Ин хизматрасонии оператор барои амалиётҳои дигари молиявӣ низ қулай аст. Ҳамин тариқ, тавассути замима метавон маблағҳоро ба ФР ё аз Россия ба Тоҷикистон интиқол дод. Маблағи зиёдтарин барои интиқол дар як моҳ – 700 ҳазор рубл аз ФР ё 50 ҳазор сомониро аз Тоҷикистон ташкил медиҳад. Комиссия ҳамагӣ 1%-ро аз маблағи интиқол ташкил медиҳад. Оид ба тарзи фаъолияти ин хизматрасонӣ, ки якҷоя бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” пешниҳод карда мешавад, дар толори алоқа маълумоти муфассал хоҳанд дод. Бо назардошти он, ки оператор кайҳо боз самти хизматрасониҳои молиявиро инкишоф медиҳад, дар идораҳои он инчунин метавон бисёр имкониятҳои дигарро дарёфт намуд – аз пуркунии дилхоҳ ҳамёнҳои электронӣ ва кортҳои бонкӣ то адонамоии қарзҳо.

Дастраскунии маблағи нақд

Яке аз хизматрасониҳои маъруфи оператор – “Cash out” мебошад. Ҳамаи дорандагони кортҳои низоми “Корти Миллӣ” новобаста аз бонки хизматрасон метавонанд маблағҳои худро бо пешниҳоди шиноснома ва корт нақд намоянд. Комисия 1%-ро ташкил дода, дар як рӯз метавон то 10 000 сомонӣ маблағро ба даст овард. 

Хизматрасонии “Cash out”, ки инчунин якҷоя бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” пешниҳод карда мешавад, айни замон дар зиёда аз 70 идораҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас аст. Суроғаҳоро метавон дар сомонаи оператор пайдо намуд.

Хулоса: марказҳои хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” – ин як навъ “фурӯшгоҳи бузурги хизматрасониҳои рақамӣ” мебошад, ки дар он метавонед  хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқа, ТВ ё адонамоии қарзҳоро пардохт кунед.  Метавон ҳам чеки оддиро ба даст овард, ҳам нусхаи электронии онро ба почтаи худ қабул намуд. 

Ба идораҳои оператор  биёед ва масъалаҳои маишию мобилии худро дар як ҷой ҳал кунед!


1.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред