Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Артемий Лебедев дар Душанбе ба воситаи танқид дарси илҳом дод

8 Ноября 2023

Соҳибкорон, дизайнерон ва блогерҳои Тоҷикистон барои гирифтани маслиҳат аз фарди маъруфи соҳа аз Русия Артемий Лебедев ташриф оварданд. Ташкилкунандаи вохӯрии кушод ширкати «МегаФон Тоҷикистон» буд.   

Соҳибкасби дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда, блогери маъруф, соҳибкори муваффақ – сифату паҳлӯҳои асосии шахсияти Артемий Лебедев ба ҳисоб рафта, боиси таваҷҷуҳи меҳмонони дар “Толори Суруш”-и шаҳри Душанбе ҷамъомада гардиданд.     Яке аз мавзӯъҳои асосӣ муносибат бо фармоишгарон   ва арзёбии кори дизайнер маҳсуб буд. Артемий маслиҳат дод, ки аз ҳеҷ гуна танқид натарсем: “Ман аз он лаззат мебарам! Аммо бояд байни гуфтаҳои эҳсосотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқиди оқилонаву муфид фарқ карда шавад. Он барои ошкоркунии хатоҳое, ки шояд худи шахс пай бурда наметавонад, кӯмак менамояд”. 

Дар бораи тавсифи комёбиҳои бадастомада, Лебедев оид ба тарзи амали худ нисбати тиҷорат ва идоракунии ширкат сухан кард.   Ӯ ба коргаронаш озодии эҷодӣ дода, бо вуҷуди ин, дар студияи худ як қатор қоидаҳои қатъиро муқаррар кардааст. Чунончи, муҳокимаи музди меҳнати якдигар ва гуфтани ҳаҷми маоши худ   қатъиян манъ аст, зеро   дар коллективи эҷодӣ ин ба раванди кор таъсири манфӣ мерасонад.   Барои рушди қобилиятҳои кормандон, Артеми маслиҳат дод, ки ба онҳо бояд мунтазам вазифаҳои дорои роҳҳои ҷолиби ҳал дода шаванд. Нақши   роҳбар бошад, ба андешаи ӯ, на дар назорати ҳар як қадам, балки дар баҳодиҳии   натиҷаҳои тамоми кор ифода меёбад.      

«Ҳам дизайнер ва ҳам соҳибкор бояд на бо дигар мутахассисону ширкатҳо, балки байни ҳам рақобат намоянд. Ҳамин тавр, шумо таҷрибае ба даст меоред, ки номи шуморо дар бозор баланд мебардорад. Ва агар шумо ягон қобилияти олӣ дошта бошед, онро пурра истифода баред», - мегӯяд Артемий Лебедев. 

Меҳмони чорабинӣ, инчунин, дар бораи шавқу рағбати худ, сайру сайёҳат ва пешбарии блоги шахсӣ сухан кард. Ба гуфтаи Артемий, ки аз тамоми кишварҳои ҷаҳон дидан кардааст, бояд аз расмҳои ҷилодор ва маконҳои маъруфи сайёҳӣ даст кашида, ҳаёти воқеӣ нишон дода шавад. Бори охир кариб сӣ сол пеш ба Душанбе омада буд, ки дар ин муддат шаҳр хеле тағйир ёфтааст. Студияи Артемий Лебедев бо таҳияи дизайни мактабҳои нави Россияву Тоҷикистон дар симои меъмории пойтахти кишвар низ   саҳм гузоштааст. "Муҳимтар аз ҳама на он чизест, ки сари шуморо мепӯшонад, балки он чизест, ки дар дохили сари шумост, яъне донишу маҳорат, то чӣ андоза пурмазмун будани гуфтаҳо ва хушмуоширатии шумо аҳамияти хос доранд", - қайд кард Лебедев.  

«Дар кори Студияи Артемий Лебедев як насли томи дизайнерҳо ба камол расида, мо лоиҳаҳои онро ҳидоят мекардем. Ҳоло мустақиман дидани Артемиӣ худ як таҷрибаи хеле хуб аст! »– таассуроти худро баён кард дизайнер Фаррух Сафарзода.     

«Артемий Лебедев як шахси номдор аст ва албатта барои ҳамаи нафароне, ки бо дизайн ё фаъолияти тиҷоратӣ шуғл меварзанд, ҷолиб мебошад. Аз ин рӯ, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки нахустин вохӯрии ӯро бо аҳли тиҷорати кишвар доир намояд. Имруз ҳар як иштирокчӣ барои худ маълумоти муфид гирифта, аз имкониятхои иловагии рушд огоҳ шуд. Агар таҷриба ва маслиҳатҳои Артемий Лебедев ба иштирокчиёни вохӯрӣ барои гузоштани қадамҳои нав дар ҷодаи касбу тиҷорат кӯмак намоянд, мо аз ин хеле хушҳол мегардем», - дар фарҷом иброз дошт директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.      

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg6.jpg

7.jpg

8.jpg

9.jpg

10.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред