Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • “Академияи МегаФон” бо эҷодиёти рассомони ҷавони Тоҷикистон ошно менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

“Академияи МегаФон” бо эҷодиёти рассомони ҷавони Тоҷикистон ошно менамояд

12 Декабря 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сокинони пойтахтро ба намоишгоҳи рассомони наврасу ҷавон, ки санаи 15 декабр бахшида ба солгарди студияи “Art Doshan Studio” баргузор мешавад, таклиф менамояд. Даромад ба намоишгоҳ – ройгон.

 

Зиёда аз 100 корҳои иштирокчиёни арт-лоиҳаҳо, ки аз ҷониби студия дар гӯшаҳои зеботарини Душанбе ва Хуҷанд ташкил гардида буданд, дар “Академияи МегаФон” - фазои ғайриоддии таълимӣ, корӣ ва фарҳангӣ, ки тирамоҳи соли равон ифтитоҳ ёфта буд, ҷойгир карда мешаванд. Дар “Академия” омӯзиши мутахассисони МегаФон, вохӯрӣ бо мизоҷон, инчунин чорабиниҳои ширкатҳою корхонаҳои дигари ҷумҳурии мо, ки дар мувофиқа бо оператор гузаронида мешаванд, баргузор мегарданд.

 

Студияи “Art Doshan Studio” “Академияи МегаФон”-ро чун як фазои ҷаззоб ва креативии пурра ҷавобгӯ ба идеяи намоишгоҳи идона арзёбӣ менамояд. “Корҳои муаллифони мо – фарогири рангҳои пуртароват, эҳсосоти барҷаста ва рӯҳи ҷавонӣ мебошанд! Ҳамаи ин ҷиҳатҳои фарқкунандаи майдони МегаФон ба шумор мераванд: ин ҷой хеле гуворост, худи муҳит майли эҷодкорӣ, фаъолнокӣ ва табодули ақидаҳоро бедор менамояд. Барои намоишгоҳи мо пайдо кардани ҷойи беҳтар аз ин мушкил аст!” – мегӯяд роҳбари студия Насиба КАРИМОВА.

 

“Бо ташкили “Академияи МегаФон” мо фикр мекардем, ки он ба макони муоширати доимӣ бо сокинони ҷумҳурӣ табдил меёбад. Ҳар як чунин вохӯрӣ дар эҳсоси набзи ҳаёт дар Тоҷикистон, фаҳмида гирифтани масъалаҳои ҷолиби диққати мизоҷони амалкунанда ва эҳтимолӣ ва пайдо намудани манфиатҳои умумӣ бо онҳо кӯмак менамояд. Бо оилаҳои худ биёед ва аз дидани чунин расмҳои чашмбару дурахшон ҳаловат баред!” – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

 

Намоишгоҳ дар “Академияи МегаФон” воқеъ дар суроғаи Бухоро, 34 аз соати 10:00 то 18:00 ҷараён мегирад.

имидж.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред