МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” шабакаро дар Саразм васеъ намуд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” шабакаро дар Саразм васеъ намуд

«МегаФон Тоҷикистон» пойгоҳи базавии навро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба кор андохт. Ин ба таври назаррас васеъ кардани ҳудуди фарогирии шабакаро имкон фароҳам овард: боз зиёда аз 15 000 сокинони ҷамоати Саразм барои истифодаи алоқаи боэътимоди оператор имкон ба даст оварданд.  

Бакорандозии пойгоҳи базавии нав дар деҳаи Яккасадаи ҷамоати Саразм баргузор гардид. Дар атрофи он – куҳантарин шаҳрак, ки якумин шуда дар Тоҷикистон мақоми ёдгории таърихии мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро сазовор гаштааст. Аз ин рӯ, алоқаи босифат на танҳо ба сокинони маҳаллӣ, балки ба сайёҳони сершумор ҳам зарур аст. Акнун дар ҷамоат якчанд пойгоҳи стандарти 3G ширкати «МегаФон Тоҷикистон» фаъолият мекунанд.          

“Ҳоло макони ҷойгиркунии пойгоҳҳои базавӣ тибқи талаботҳои муштариён интихоб карда мешавад, - нақл мекунад роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. – Пойгоҳҳои нав алалхусус дар ҷойе, ки теъдоди муштариён чун трафики овозӣ ва интернети истифодакардаи онҳо пайваста меафзояд, заруранд. Бо насб кардани онҳо, мо ба муштариён алоқаи баландсифат кафолат дода, метавонем шодмонӣ аз муошират ҳадя намоем. Муштариён ин иқдомро арзёбӣ мекунанд: имрӯз ҳар як сокини сеюми ноҳияи Панҷакент муштарии “МегаФон Тоҷикистон” мебошад”.

Таҷҳизоти нави алоқа на танҳо дар Саразм ҷойгир карда шуд: мутахассисони техникии ширкат дар ҷамоатҳои Фароб ва Халифа Хасани ноҳияи Панҷакент стансияҳои иловагии 3G-ро ба кор андохтанд. Ба туфайли ин, маҷрои шабака баланд бардошта шуда, дар баъзе аз маҳалҳои аҳолинишин сокинон тавонистан нахустин бор аз хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ истифода баранд. Пойгоҳҳои нави базавӣ бо таҷҳизоти нерӯдиҳандаи алтернативӣ – батареяҳои офтобӣ таҷҳизонида шудаанд. Инчунин ҳангоми насби онҳо таҷрибаи нодир ба монанди ҷойгиркунии батареяҳои аккумуляторӣ дар зери замин кор фармуда шуд, ки имкон медиҳад вақти коршоямии таҷҳизот дар ҳолати қатъ шудани қувваи барқи шабакаҳои беруна зиёдтар идома ёбад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2