МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” барои сарҳадҳои кушода роуминги дастрас пешниҳод менамояд

Муҳлати мутолиа: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” барои сарҳадҳои кушода роуминги дастрас пешниҳод менамояд

Аз лаҳзаи кушодашавии сарҳадҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва мавриди татбиқ кардани низоми соддакардашудаи раводид, теъдоди муштариёне, ки дар кишвари ҳамсоя аз роуминги ширкати “МегаФон Тоҷикистон” истифода мебаранд, якуним маротиба афзудааст. Опсияи нави “Роуминг Ҳамсояҳо” барои истифодаи алоқа бо нархҳои муфид дар сафари сайёҳӣ ва хизматӣ имкон фароҳам меорад.

Баҳори соли равон шартҳои оддӣ ва қулай барои роуминг дар Ӯзбекистон аз ҷониби оператор омода гардиданд. Аз ин пешниҳод ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурии мо аз он замон истифода мебаранд. Танҳо дар давоми ду рӯзи кори намоишгоҳи дастовардҳои саноат, ки дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 16 ва 17 август барпо гардида буд, зиёда аз сад нафари иштирокчии он аз “Роуминг Ҳамсояҳо” истифода намуданд.

Опсия хости саёйҳон низ гардидааст. “Чанде пеш ба тамошои зебоиҳои Самарқанд сафар карда барои худ “Роуминг Ҳамсояҳо”-ро пайваст намудам. Аз сифати алоқаи ширкати шумо дар Ӯзбекистон ва нархҳои дастрас хуб тааҷуб кардам. Баҳри парешон нашудани наздикон барои ман ҳамеша дар интернет будан муҳим буд ва ба туфайли хизматрасониҳои оператори худ ман пайваста дар Шабака қарор дошта расмҳоро ба онҳо ирсол менамудам”, – мегӯяд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Зарина РИЗАМАТОВА.

“Роуминг Ҳамсояҳо” дар заминаи хизматрасонии “Роуминги қулай” амал мекунад, ки одатан ба ҳама муштариён фаъол карда шудааст. Тавассути USSD-фармони *992# тафтиш кардани фаъолнокии хизматрасонӣ мумкин мебошад. Дар ҳолати зарурӣ мустақилона фаъол намудани хизматрасонӣ (фармони *992*1#, пайвастшавӣ ройгон) мумкин аст. Ҳамчунин опсияи “Роуминг Ҳамсояҳо” тариқи ирсоли USSD пайваст карда мешавад: дар телефони худ шумораи *390*1# рақам чида тугмаи даъватро пахш намоед. Дар бозгашт ба Тоҷикистон хизматрасонии “Роуминг Ҳамсояҳо”-ро метавон тавассути USSD *390*2# қатъ гардонид.

Бо опсияи пайвастшудаи “Роуминг Ҳамсояҳо” арзиши як дақиқаи воридотӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон 1,20 сомониро ташкил медиҳад, даъвати содиротӣ ба наздикон дар Тоҷикистон – 2,50 сомонӣ. Як СМС-хабар арзиши 0,30 сомониро дорад, 1 Мб трафики интернет – 0,50 сомонӣ.

“Нархҳои махсус барои алоқа дар Ӯзбекистонро бисёри мизоҷони мо арзёбӣ намуданд. Аз лаҳзаи кушодашавии сарҳад, шумораи муштариёне, ки роуминги моро дар ҷумҳурии ҳамсоя истифода мебаранд, зиёда аз 55% афзудааст. Боварӣ дорам, ки алоқаи дастрас боз яке аз сабаби наздикшавии кишварҳои мо хоҳад шуд”, - қайд намуд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2