“МегаФон Тоҷикистон” иншоотҳои нави алоқаро дар ҳудуди вилояти Суғд ба кор андохт. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ баланд бардошта шуда, инчунин минтақаи фарогирии шабакаи 3G дар ҳашт ҷамоатҳои ноҳияҳои Панҷакент, Спитамен, Деваштич, Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов васеъ карда шуд. Зиёда аз 200 000 сокинони Суғд имконияти истифодабарии интернети мобилиро дарёфт намуданд.
Теъдоди истифодабарандагони интернети мобилӣ ва трафики бавуҷудовардашудаи онҳо баъд аз корандозии ҷадвали нархномавии «Биё» боз ҳам зуддар афзоиш меёбад. Оператор ҷавобан ба интизориҳои мизоҷон рушди шабакаро идома дода, минтақаи фарогирӣ ва суръати дастрасиро – дар минтақаҳое, ки талабот ба хизматрасониҳои муосири рақамӣ махсусан баланд аст, афзоишро фароҳам кард. Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2018, “МегаФон Тоҷикистон” пойгоҳҳои базавиро дар шаҳрҳои ба монанди Конибодом, Истиқлол корандозӣ намуд. Сифати алоқаи 3G дар ҷамоатҳои Фароб ва Халифи ноҳияи Панҷакент, Газзантараки ноҳияи Деваштич, ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен, ҷамоати Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон ва Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври назаррас такмил дода шудааст. Таҷҳизоти нав якбора дар якчанд станлартҳо – 2G/3G/4G фаъолият мекунад. Ин имкон медиҳад, ки муштариёнро дар минтақаҳо на танҳо бо алоқаи овозии босифат, балки бо интернети мобилии суръатнок таъмин намоӣ. “Мо барномаи комплексии рушди алоқаи инфрасохторро дар тамоми ҳудуди вилоят амалӣ намудем. Барои мо хеле муҳим аст, ки аз интернети мобилӣ сокинони ноҳияҳо ҳам истифода баранд, - қайд намуд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ. – Дар маҳалҳои дурдасти сераҳолӣ анҷом намудани сохтмон кори осон нест, вале мо ҳама имкониятҳоро ба харҷ медиҳем, ки хизматрасониҳои босифати алоқа ба ҳама муштариёни мо, новобаста аз макони зисти онҳо, дастрас бошанд”.