МегаФон Тоҷикистон

“МегаФон Тоҷикистон” мутахассисонро ба “ёрии таъҷилии муштариён” омода месозад

70 боздид
Муҳлати хондан: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” мутахассисонро ба “ёрии таъҷилии муштариён” омода месозад

“МегаФон Тоҷикистон” мутахассисонро ба “ёрии таъҷилии муштариён” омода месозад

Дар раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон омӯзиши навбатии мутахассисони толорҳои фирмавӣ сурат гирифт. Ҳадафи чунин дарсҳои мунтазами омӯзишӣ – то ҳадди имкон таъмин намудани минтақа бо сатҳи баланди хизматрасонии мизоҷон дар шароитҳои пайдоиши доимии маҳсулоти нав ва технологияҳои алоқа ба шумор меравад.

“Фаъолияти мушовири толори фирмавӣ бо баъзе хусусиятҳояш “ёрии таъҷилӣ”-ро ба ёд меорад: дар якчанд дақиқа аллакай бояд моҳияти масъалаи муштарӣ фаҳмида ва кӯмаки зарурӣ расонида шавад ва, дар баробари ин, мизоҷ қаноатманд монад. Ин кори осон нест: мунтазам хизматрасониҳои нав, ки шартҳои фаъолияти онҳоро мушовир бояд чун панҷ панҷаи худ бидонад, намудҳои нави дастгоҳҳои мобилӣ, ки мо дар танзими онҳо ба муштариён кӯмак мекунем, пайдо мешаванд. Бинобар ин, ҳатто ба мутахассисони ботаҷриба зарур меояд, ки гоҳ-гоҳ аз курсҳои баландбардории ихтисос бигузаранд. Ҳамин тариқ, мо дар олами доимо тағйирёбандаи телеком-хизматрасониҳо сатҳи баланди хизматгузориро таъмин менамоем”, - қайд мекунад роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Дар рафти омӯзиш менеҷер оид ба кор бо шабакаи дилерӣ Саймаҳмуд САЙДУЛЛОЕВ доир ба тарофаҳое, ки айни замон миёни муштариён нисбатан маъмуланд, дар бораи қоидаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва этикаи муошират бо мизоҷон маълумот расонид. Мутахассисони толорҳои фирмавӣ, дар навбати худ, мушкилоти худро, ки дар ҷараёни кор зиёдтар ба миён меоянд, баён намуда, дар бобати ҳалли онҳо маслиҳатҳои амалӣ гирифтанд. Тавре иштирокчиёни семинар қайд намуданд, “мизоҷ ҳамеша ҳақ аст” – принсипе ба ҳисоб меравад, ки бояд аз ҷониби ҳамаи кормандони “МегаФон” новобаста аз вазъиятҳо риоя карда шавад.

Дарсҳоро менеҷери калон оид ба кор бо шабакаи дилерӣ Светлана ЗЕМЧЕНКО идома дод. Ӯ дар бораи нозукиҳои муошират бо мизоҷон ва қоидаҳои кор бо ҳуҷҷатҳои расмӣ маълумот расонид. Светлана ҳамчунин қайд намуд, ки қаноатмандии мизоҷон аз хизматрасонӣ – ҳадафи асосие ба шумор меравад, ки бояд дар нзди ҳар як мутахассиси соҳаи фурӯши “МегаФон Тоҷикистон” гузошта шавад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2