МегаФон Тоҷикистон

Лолаҳо аз “МегаФон Тоҷикистон”

Муҳлати мутолиа: 1 мин
Лолаҳо аз “МегаФон Тоҷикистон”

Лолаҳо аз “МегаФон Тоҷикистон”

Дар арафаи 8 март сокинони шаҳри Душанбе аз ҳисоби намояндагони ҷинси латиф, ки ба идораи хизматрасонии “Меҳргон” омада буданд, аз номи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати туҳфа гулҳо гирифтанд. Ба ҳамаи муштариёни боқимонда бошад, имкони анҷомдиҳии зангҳои ройгон ба модарону хоҳарон, ҳамсарон ва дӯстдоштагонашон фароҳам оварда шуд.

Иштирокчиёни иқдоми бахшида ба Рӯзи модар на танҳо зангҳои дохилиро анҷом доданд – масалан, на танҳо ба шаҳрҳои Тоҷикистон, ба монанди Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), Кулоб ё Норак зангҳо заданд, балки инчунин бо муштариён аз Федератсияи Россия дар тамос шуданд. Суханҳои табрикотиро ҳамчунин модарони дар шаҳрҳои Маскав, Челябинск ва Екатеринбург истиқоматкунанда шунавиданд.

“Аллакай тӯли солҳои зиёд ман муштарии ширкати шумо мебошам. Ва имрӯз ман мехоҳам ба “МегаФон Тоҷикистон” барои имконияти навбатӣ барои шунидани овозҳои модаронамон миннатдории худро баён кунам. Ҳамаи бонувонро бо чунин ҷашни зебо табрик менамоям!” мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Дилафрӯз СОЛИЕВА.

Дар арафаи ид муштариён на танҳо наздикони худро табрик намуданд, балки инчунин интернети 4G-и операторро мавриди санҷиш қарор дода ба мушовирон дар доираи тарофаҳо ва замимаҳои мобилӣ – бахусус дар бораи замимаи “MegaFon Life” саволҳо доданд.

“Ширкати мо ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба муштариёни худ наздик бошад. Имрӯз дар арафаи Рӯзи модар мо чун анъана қарор кардем, ки меҳмонони худро аз қатори намояндагони латиф бе диққат нагузорем – онҳо яке аз аввалинҳо шуда ба муносибати ид чун туҳфа гулҳоро ба даст оварданд. Дидани хурсандии онҳо, эҳсосоти гуворо – барои аз ҳама муҳим аст. Ид муборак! Бигзор фасли баҳор ҳамеша дар дилҳои Шумо ва гирду атрофатон ҳукмрон бошад!” – мегӯяд Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2