МегаФон Тоҷикистон

Шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ба пешвози Наврӯз омода аст

Муҳлати мутолиа: 2 мин
Шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ба пешвози Наврӯз омода аст

Шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ба пешвози Наврӯз омода аст Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” модернизатсияи таҷҳизотро дар маконҳои сайругашти оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонид. Ин ба муштариёни оператор имкон медиҳад, ки ба наздикони худ занг зада, дар интернет аксҳо ва наворҳои видеоиро ҳатто дар сурати сарбории баланди шабака ҷойгир кунанд. Навруз, чун ҷашнҳои дигар ҳамеша барои шабакаи мобилӣ мисли як имтиҳон аст. Расо як сол қабл дар рӯзҳои ҷашн муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” трафики интернетии барои ҷойгиркунии як миллион аксҳо заруриро истифода намуданд. Қисми зиёди сарборӣ ба истгоҳҳои базавии 4G-и дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) насбшуда рост омада буд. Сокинони шаҳрҳои Панҷакент, Кулоб, Вахдат ва бисёр шаҳру навоҳии дигари кишвар бошанд, аз имконоти шабакаҳои насли сеюм истифода бурда тавонистанд. Ҳар сол муштариёни оператор аз рӯйи миқдори зангҳо ва ҳаҷмҳои таҳвили маълумот рекордҳои нави “идона” мегузоранд. Бо пешгӯйии фаъолнокии истифодабарандагони муосири интернети мобилӣ – муштариёни рақамие, ки ба тарофаҳои силсилаи “Биё!” пайваст шуда дар реҷаи онлайн тариқи шабакаҳои иҷтимоии Facebook, “ВКонтакте”, Instagram ва “Одноклассники” таассуроти худро ба дигарон мерасонанд, инчунин дар асоси нишондиҳандаҳои солҳои гузашта мутахассисони департаменти тиҷоратии оператор ба хулоса омаданд, ки афзоиши “идона”-и трафик дар соли ҷорӣ 50%-ро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти ин маълумот қобилияти роҳдиҳии шабака дар маконҳои баргузоршавии чорабиниҳои оммавӣ ду маротиба тақвият бахшида шудааст. Ин ба таҷҳизоти алоқа имкон медиҳад, ки суръати баланди устувори интернетро дар ҳолати зиёд шудани миқдори дастгоҳҳои абонентии ҳамзамон дар шабака бақайдгирифташуда таъмин намоянд. Тавре санҷишҳо нишон доданд, агар соле қабл барои ирсоли як акси идона муштарии “МегаФон” ба ҳисоби миёна 7-8 сонияро сарф мекард, акнун барои ин амал ҳамагӣ 3-5 сония кофист. “Бо назардошти он, ки дар рӯзҳои идона сарбории шабака зиёд мешавад, мутахассисони техникии мо ба ҷашни миллӣ пешакӣ омодагӣ гирифтанд, - мегӯяд Анатолий Изюмников, директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. – Наврӯз ҷашни саршор аз табъи болидаи идона ва эҳсосоти гуворо мебошад ва ҳамаи ин бояд бешубҳа ба наздикон расонида шавад. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ додем, то ки ҳар як акси мобилӣ, ки миқдорашон аллакай то миллион расидааст, бо муваффақият ба интернет равона карда шуда, ин рӯз барои ҳама тобон ва хурсандиовар бошад”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2