МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон кӯдаконро дар шабака ва берун аз он ҳифз мекунад

Муҳлати мутолиа: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон кӯдаконро дар шабака ва берун аз он ҳифз мекунад

Дар мактабҳои Душанбе силсилаи семинарҳо оғоз ёфт, ки зимни онҳо волидайн ва омӯзгорон бо воситаҳои муосири ҳифзи кӯдакон шинос карда мешаванд. Чорабинии нахустин, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо иштироки ВКД ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, дар мактаби №21-и пойтахт ба номи Юрий Гагарин гузаронида шуд.

 

Муштариёни МегаФон метавонанд  амнияти кӯдакони худро дар интернет таъмин карда, ҳаракати онҳоро дар олами воқеӣ назорат намоянд. Барномаи назорати волидайни Kaspersky Safe Kids дар ду тарофаи махсуси оператор – “Биё! Бехатарӣ” ва “Биё! Бехатарӣ+” дастрас мебошад. Ҳангоми истифодашавии Шабакаи ҷаҳонӣ аз тарафи кӯдакон дастрасӣ ба сомонаҳои номатлуб ва контенти “калонсолон” ба таври автоматӣ қатъ гардида, волидайн метавонанд фаъолнокии кӯдакони худ, аз ҷумла давомнокии вақти дар интернет сарфмекардаи онҳоро назорат намоянд.

 

Kaspersky Safe Kids дар олами воқеӣ низ дар ҳимояи кӯдакон кӯмак менамояд. Барнома дорои функсияи махсус мебошад, ки ба воситаи он метавон макони қарордоштаи кӯдакро дар харита дар реҷаи вақти воқеӣ муайян намуд. Ба ғайр аз ин, волидайн ҳудудҳои минтақаеро, ки кӯдак дар он вақти бештари худро мегузаронад, муқаррар карда метавонанд. Ҳангоми тарки ин минтақа аз ҷониби кӯдак падар ё модар якбора огоҳинома мегиранд.  

 

“Мавзӯи назорати волидайн дар даври технологияҳои рақамӣ хеле мубрам аст. Кӯдакони муосир аллакай ҳаёти худро бе интернет тасаввур карда наметавонанд ва барои волидайн, мутаассифона, на ҳамеша муяссар мешавад, ки вақти бо смартфон ё дар назди компютер мегузаронидаи кӯдаки худро назорат намоянд. МегаФон Тоҷикистон варианти беҳтарини назорати тағйири макони кӯдак ва ҳимояи ӯро дар Шабакаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд.  Ташаккур барои маълумоти муфид!” – изҳор дошт директори мактаби №21 Инна САФРОНОВА.

 

Зимни семинарҳое, ки ҳарҳафтаина рӯзҳои шанбе дар мактабҳо гузаронида мешаванд, намояндагони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” инчунин дар бораи хизматрасониҳои дигари қулай маълумот медиҳанд. Замимаи мобилии “МегаФон Life” дар қатори онҳост. Бо ёрии он, масалан, метавон дар дилхоҳ вақт тавозуни телефони кӯдакро пур кард ё тавассути паёмрасон бо ӯ тамос гирифт. 

 

Иштирокчиёни фаъоли семинарҳо метавонанд теъдоди истифодабарандагони барномаи Kaspersky Safe Kids-ро зиёд намоянд. Дар ҳар як дарси омӯзишӣ оператор ба волидайне, ки саволҳои бештар доданд, панҷ-тогӣ сертификати туҳфавӣ тақдим мекунад. Муштарӣ метавонад бо интихоби худ рақами “нуқрагин” пайваст карда, дар давоми як моҳ тарофаи “Биё! Кӯдакии бехавф+”-ро, ки арзиши муқаррарии он 105 сомониро ташкил медиҳад, ройгон истифода барад. Ба ғайр аз Kaspersky Safe Kids ба баста зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 150 дақиқа ба шабакаҳои дигари мобилӣ ва собити Тоҷикистон, 4 Гб трафики интернет ва зиёда аз даҳ паёмрасонҳои ройгон  дохил шудаанд.

 

“Ҳангоми ташкили тарофаҳои “Кӯдакии бехавф” мо ба назар гирифтем, ки дар Тоҷикистон оилаҳои серфарзанд хеле зиёданд. Бо интихоби баста бо барномаи Kaspersky Safe Kids муштарӣ калидеро дастрас мекунад, ки он имкони пайвасткунии то 500 дастгоҳро барои сад кӯдак фароҳам меорад. Ҳатто дар оилаи калонтарин ҳамаи кӯдакон таҳти ҳимоя хоҳанд буд”, - илова карда мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

  Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳои “Биё! Кӯдакии бехавф” – дар сомонаи [ https://megafon.tj/tarify-i-optsii/vse-tarify/vklyuchaysya-bezopasnost/vklyuchaysya-bezopasnoe-detstvo/ ] оператор.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2