Дар Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” ифтитоҳ ёфт. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси шарики ин чорабинии калон баромад намуда, иштирокчиёни онро бо интернети мобилӣ ба воситаи технологияи Wi-Fi таъмин намуд. Ба ғайр аз ин, оператор зимни он Digital-ҳуҷраи ғайриоддиро муаррифӣ намуд, ки бо ёрии он меҳмонони намоишгоҳ метавонанд мушкилоти марбут ба алоқаро ҳал намуда, доир ба пойтахти Тоҷикистон маълумот бигиранд ё бо пешниҳодҳои мушаххас бевосита ба роҳбарони МегаФон муроҷиат намоянд.
Намоишгоҳ-ярмаркаи ҳарсола, ки дар он ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муаррифӣ карда шудаанд, истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, Россия, Хитой, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Афғонистонро ба ҳам овардааст. Муошират бо ҳамкорон аз давлатҳои дигар имкон медиҳад, ки муносибатҳои байналмилалӣ рушд дода шуда, бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулот пайдо карда шаванд.
МегаФон Тоҷикистон кори анҷумани байналмилалиро дастгирӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо дастрасии озод ба интернет тавассути Wi-Fi таъмин кард. Ба шарофати ин иқдом муяссар шуд, ки дар дилхоҳ вақт маълумоти зарурӣ дар Шабака пайдо карда шуда, табодули онлайн-муаррифиҳо ва маводҳои дигар ба амал бароварда шавад. Дар баробари ин, тафтиши почта ва ирсоли ҳисоботҳо аз чорабинӣ дастрас буд.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар баробари ин бо моли нави оператор – Digital-ҳуҷра, ки имкони мустақилона ҳал кардани як қатор масъалаҳоро фароҳам меорад, шиносоӣ пайдо карданд. Дар он метавон хизматрасониҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро мавриди омӯзиш қарор дод, дар сонияҳои ангуштшумор тарофаи заруриро пайваст кард, дар шакли овозӣ ё видеоӣ машварати кормандони Маркази тамос, аз ҷумла кормандонеро, ки дорои маҳорати сурдо-тарҷума мебошад, қабул намуд, ва ҳатто ба роҳбарияти ширкат паём ирсол кард – масалан, пешниҳоди лоиҳаи муштараки тиҷоратӣ яке аз чунин имкониятҳост.
Соҳибкорон аз шаҳру давлатҳои дигар имконияти дар Digital-ҳуҷра гирифтани маълумотро дар бораи Душанбе функсияи хеле қулай арзёбӣ намуданд. Дар харитаи махсус маконҳои асосии тамошобоб ва истироҳатӣ, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва иншоотҳои дигаре, ки метавонанд барои меҳмонони пойтахти Тоҷикистон зарур оянд, қайд гардидаанд. Digital-ҳуҷра инчунин имкон медиҳад, ки аз доираи сафари худ ба Душанбе акси хотиравӣ гирифта онро якбора чоп кунед ё онро дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ гузоред.
“Воситаҳои муосири рақамӣ имкон медиҳанд, ки хизматрасонии мизоҷон ба сатҳи комилан нав бароварда шаванд. Digital-ҳуҷра дар реҷаи автоматӣ кор карда, ҳузури кормандони хизматрасонро тақозо наменамояд – дар баробари ин, он ба талаботи иштирокчиёни чорабинии тиҷоратии байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Мутмаинам, хизматрасонӣ дар шакли рақамӣ на танҳо имкон медиҳад, ки вақт сарфа карда шавад, балки инчунин ба бардоштани таассуроти барҷастаи меҳмонон мусоидат хоҳад кард” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.