Дар Душанбе анҷумани байналмилалии Jam Forum Pro 2019, ки дар он зиёда аз 200 соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи реклама, маркетинг ва PR иштирок доштанд, хотима ёфт. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси шарики чорабинии мазкур баромад намуда, ба воситаи технологияи Wi-Fi ҳамаи иштирокчиёнро бо дастрасии озод ба интернет таъмин намуд. Барномаи корӣ бо туҳфаҳои оператор такмил бахшида шуд.
Баромадҳо ва дарсҳои омӯзишии коршиносон аз якчанд давлатҳо ба меҳмонони анҷуман имкон доданд, ки доир ба трендҳои аз ҳама мубрами ҷаҳонӣ маълумот гирифта, дар баробари ин маълумоти бештари муфидро ба даст оваранд. Ба соқибкорони тоҷик муаррифиҳои директори эҷодии ZebraHero Артем САРЕГОРОДТСЕВ, ки дар бобати ба даст овардани муҳаббат нисбати бренд бо ёрии контенти “дуруст” ва бахшидани хурсандӣ ба одамон баромад намуд, ва инчунин ҳамкори мавсуф аз агентии SEED Константин СОБОЛ, ки вобаста ба таъсири ютуб ҳангоми гузаронидани маъракаҳои таблиғотӣ маслиҳатҳои муфид медод, махсусан писанд омаданд. Константин, соҳибкор аз Украина, ки ба Қазоқистон кӯч бастааст, якчанд вазъиятҳои мушаххаси тиҷоратии ҷолибро паси сар кардааст ва маҳз дар бобати онҳо номбурда баромад намуд.
Меҳмонони Jam Forum Pro 2019 на танҳо бо эҳсосоти мусбату барҷаста нерӯи тоза мегирифтанд, балки инчунин бо ёрии Wi-Fi-и аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкилшуда онҳоро дар Шабакаи ҷаҳонӣ пахш мекарданд. Дар баробари ин, оператори имкониятҳои нави рақамӣ муаллифони саволҳои аз ҳама ҷолиберо, ки ба коршиносони байналмилалӣ дода шуданд, ҳавасманд намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравиро бо аломати анҷуман тақдим кард. Ҳангоми қарор доштани худ дар Тоҷикистон коршиносони анҷуман ҳам аз хизматрасониҳои алоқаи МегаФон Тоҷикистон истифода мебурданд.
«Jam Forum – рӯйдоди нодир аст. Аллакай дар соли 2015, вақте он бори аввал доир карда шуд, маълум буд, ки дар чорабинӣ на танҳо ҳамкорон, балки дӯстону ҳамфикрон ба ҳам меоянд. Дар чунин муҳит бо идеяҳои наву ҷолиб илҳоми тоза мегири, муносибатҳои шарикона роҳандозӣ шуда, бо ёрии онҳо лоиҳаҳои ғайримуқаррарӣ амалӣ карда мешаванд. Хеле хуб, ки МегаФон Тоҷикистон аз ибтидо анҷуманро дастгирӣ менамуд, дар ҳоли имрӯз он ба яке аз чорабиниҳои беҳтарини соҳавӣ табдил ёфтааст”, - аз таассуроти худ сухан гуфта изҳор дошт директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон Валентина БУТНИК.
“Ҳар як анҷуман – ба мисли як киштиест, ки ба сафари дур мебарояд. Боди мувофиқ бошад, ин умедҳои мо ба иттиҳоди барҷаста, серамал ва бомаҳорати ҳамфикрон мебошад. Дар қатори онҳо – МегаФон Тоҷикистон операторе мебошад, ки ҳамеша дар ҳайрат мегузорад. Дар давоми кори анҷуман мо дар якҷоягӣ QR-рамзкунонии бонусҳоро ҷорӣ намудем. Дастраскунии мегабайтҳои ройгони интернет хуб нест магар? Баромадкунандагон SIM-кортҳои МегаФонро истифода мекарданд, ҳамаи иштирокчиён бошанд, ба шарофати Wi-Fi-и оператор дар шабака боқӣ мемонданд. Ташаккур ба МегаФон Тоҷикистон барои эътимод ва ҳамкории доимӣ бо Jam Forum!” – хулосабарорӣ карда изҳор дошт ташкилкунандаи анҷуман Дилором ҚУВВАТОВА.