МегаФон Тоҷикистон

МегаФон Тоҷикистон дар Хатлон се толори нави фирмавиро ифтитоҳ намуд

Муҳлати мутолиа: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон дар Хатлон се толори нави фирмавиро ифтитоҳ намуд

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ шабакаи чаканаро дар вилояти Хатлон васеъ менамояд. Се толори иловагие, ки дар ҷамоати Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ, деҳаи Даҳанаи шаҳри Кулоб, ва инчунин дар бозори “Фаровон” ифтитоҳ ёфтанд, ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳанд, ҳаррӯза якчанд ҳазор бештар мизоҷон мавриди хизматрасонӣ қарор дода шаванд.

 

“Вазифаи мо – ҳатто дар гӯшаҳои дурдасттарини минтақа таъмин кардани мизоҷон бо ҳамон сатҳи хизматгузорие мебошад, ки дар Бохтар ё Душанбе амал менамояд. Барои ҳамин мо на танҳо толорҳои навро дар ноҳияҳо мекушоем, балки диққати калонро ба омодакунии мушовирон равона месозем. Масъалаҳои душвортарини “мобилӣ”-ро онҳо метавонанд зуд – ва бо табассум ҳал намоянд!” – изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

 

Бо кушодашавии се нуқтаи нав теъдоди муштариёни ҳаррӯза ба воситаи чаканаи оператори Хатлон хизматрасонишаванда ба якчанд ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт. Функсионали толорҳо барои чаканаи фирмавӣ маъмулӣ буда, он аз доираи пурраи хизматрасониҳо, аз пайвасткунӣ ба шабака ва ивази SIM-корт то танзимкунии дилхоҳ намудҳои смартфону планшетҳо иборат мебошад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд

734066, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Хувайдуллоева 73/2